Русҳо корманди мудофиаи Украинаро дастгир карданд
Хизматчиёни ҳарбии Росгвардия майор Д. Симутин ва прапоршик А. Ларионов як корманди мудофиаи ҳудудии Украинаро дастгир кардаанд, ки мехостааст бо мошин қисмҳои ҷангии гуруҳи тактикиро рахна кунад.
Ба ғайр аз силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, таҷҳизоти аксу видеоӣ аз ҷангҷӯён ёфт шуда ва худи ӯ маълумоти муҳиме доштааст, ки ба воҳид имкон додааст, то ҳангоми иҷрои вазифаи ҷангӣ аз талафот канорагирӣ кунад.
Гуфта мешавад, ки ҷангиёни Горди миллӣ ҳамчунин чанд шарики роҳзанҳоро ошкор карда, миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла дастгоҳи зиддитанкӣ, патронҳо ва либоси низомӣ бо шевронҳои баталони миллӣ пайдо кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ