Русҳо ҳам ба Исмоили Сомонӣ “чест” медиҳанд
Пойгоҳи низомии 201-и Русия мустаққар дар Тоҷикистон дар гузашт ё паради бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Душанбе иштирок мекунад. Дар ин бора “ТАСС” бо нақл аз Ярослав Рошупкин, ёвари фармондеҳи қӯшунҳои Огруги марказии ҳарбӣ хабар додааст.
“Низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия ба тамринҳо барои иштирок дар паради Ғалаба, ки 9 май дар маркази Душанбе баргузор мешавад, шурӯъ кардаанд”,-гуфтааст ӯ. Рошупкин афзуда, ки 110 хидматчии ҳарбии Русия дар як қатор бо сарбозу афсарони Вазорати мудофиа ва дигар мақомоти қудратии Тоҷикистон қадам хоҳанд зад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ