Рушди ҳамкории иқтисодии АМА бо Тоҷикистон

10 октябри соли равон вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Баҳодур Шарифӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии АМА оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ Муҳаммад Шараф баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ, инчунин сафари дарпешистодаи ҳайати расмии АМА ба Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳоеро, ки дар натиҷаи ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ҳосил шуда буд, баррасӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *