Рушди бесобиқаи иқтисоди Тоҷикистон
Коршиносони Хазинаи Авруосиёии Субот ва Рушд интизор доранд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар ояндаи наздик на кам аз 7% хоҳад буд.
Ин равандро аз ҷумла ба беҳбуди рушди иқтисодӣ дар Русия, талаботи баланди дохилӣ ва афзоиши тиҷорат бо кишварҳои ИИАО рабт медиҳанд.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки рушд бо афзоиши саҳми бахши саноат ва сохтмон таъмин карда шуд.
Саҳми бахши хизматрасонӣ аз 4,7 то 4,3 банди фоизӣ коҳиш ёфт. Коҳишёбӣ ба сабаби кам шудани ҳиссаи савдои яклухт ва чакана ва дигар хизматрасонӣ сурат гирифтааст.
Ҳамчунин, дар натиҷаи афзоиши босуръати саноат ва сармоягузорӣ саҳми кишоварзӣ то 0,1 банди фоизӣ коҳиш ёфт (0,5 банди фоизӣ дар семоҳаи якуми соли 2023).
Дар ҳоле ки саҳми саноат аз 1 то 1,3 банди фоизӣ афзуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ