Рушди боғдорӣ ба хотири озуқаи оянда

24 майи соли ҷорӣ бо ибтикори “Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” дар ноҳияи Ёвон семинари машваратӣ дар мавзӯи «Рушди боғдорӣ» баргузор шуд.

«Семинари мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кишоварзон оиди «Истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар соҳаи боғдорӣ» ба воситаи мубодилаи афкор байни деҳқонон ва мутахассисону олимони соҳаи боғдорӣ оид ба мавзӯъҳои касалиҳо ва ҳашароти зарарасони дарахтони мевадиҳанда ва мубориза бар зидди онҳо, танзими реҷаи ғизодиҳӣ  ва обёрӣ, шохабурии сабз ва аҳамияти он, истифодаи самараноки байни қатории дарахтон, ҷамъоварии мева ва коркарди он, риояи талаботи экологӣ дар соҳаи боғдорӣ баргузор мегардад» — гуфт, Сабоҳатулло Музаффаров, яке аз роҳбарони ин лоиҳа.

Ҳамчунин, зимни баргузории семинари машваратӣ намошгоҳи маҳсулоти пайвандӣ ва маҳалӣ ба маъразӣ тамошо гузошта шуда буд. Пас аз тамошои намоишгоҳ дар хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон намоиши корҳои амалӣ аз ҷумла тарзи дурусти пайвандкунӣ ва ҷамоварии ҳосил, нигоҳубини боғу танзими обёрӣ  намоиш дода шуд.

Ба ақидаи Садриддин Ҷӯраев, роҳбари бахши боғу токпарварии Лоиҳа  оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ аксарияти ноҳияҳои вилояти Хатлон аграрӣ буда, аҳолӣ аз ҳисоби замин метавонад даромади бештар ба даст оварда, худ ва бозори кишварро бо ғизо таъмин намояд. “Ҳар як заминдор имкон доррад даромади молии худро боло бардошта, қудрати харидорӣ ва ё истеҳсоли маводи хӯроквории серғизоро пайдо кунад. Парвариши дарахтони мевадиҳанда ва фурӯши маҳсулоти онҳо дар бозорҳои минтақавӣ ва берун аз он имкон медиҳад, то ҷойҳои корӣ пайдо шуда, буҷаи хонавода ғанӣ гашта, бадин васила сатҳи зисти мардум боло равад”, зикр кард Садриддин Ҷӯраев.

Дар расми ифтитоҳи руйдоди мазкур роҳбарони қитъаҳои намоишии боғу ниҳолхонаҳо, роҳбарияти ноҳия, аъзои Бригадаҳои рушди боғпарварӣ, фермерони боғпарвар ва мутахассисони кишоварзии ноҳияҳои ҳадафӣ бо ҷалби намояндагони Вазорати кишоварзӣ ва олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мутахасиссону олимони ташкилотҳои шарик ширкат карданд.

Одили Нозир

Аксҳо аз раванди семинарии омӯзишӣ:

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *