Рушди иқтисодиёти Тоҷикистону Қазоқистон

Дар ин лаҳзаҳо дар меҳмонхонаи «HYATT REGENCY DUSHANBE» Ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон ҷараён дорад.
Ҳадафи ҳамоиш таъмин ва таҳкими рушди муносибатҳои соҳибкориву иқтисодӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон, васеъ ба роҳ мондани муносибатҳо байни соҳибкорони ду кишвар буда, он барои бастани шартномаҳои манфиатнок ҷиҳати ҳамкорӣ, таъсис додани корхонаҳои муштарак, ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар имконият фароҳам меорад.
Тавре Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар дар оғози ҳамоиш иброз дошт: «дар намоишгоҳ 150 ширкати саноатии Тоҷикистон ва 29 ширкати саноатӣ, кимиёвӣ, сохтмонӣ ва фарматсевтии Қазоқистон иштирок доранд. Мақсади соҳибкорон аз иштирок дар ҳамоиш гуфтушунид ва бастани созишномаҳо бо шарикони худ ҷиҳати табодули маҳсулот мебошад».
Ҳамоишро Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармояи «KAZNEX INVEST»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил намудаанд.
Ин шашумин чорабиниест, ки аз ҷониби ин ширкати қазоқистонӣ дар Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар ҷамъбасти ҳамоиши қаблӣ, ки 75 ширкат иштирок намуда буд, ба маблағи зиёда аз 46 млн доллари амрикоӣ шартномаҳо ба имзо расида буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *