Русиро аз Конститутсия мебардоранд
Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, бо баргузории ҳамапурсӣ меъёри мақоми расмии забони русӣ аз Конститутсия бардошта шавад.
Ин яке аз пешниҳодҳои кумитаи иҷроияи қурултойи нерӯҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва меҳанпарастии Қирғизистон барои ҳамапурсии ворид кардани тағйирот ба Конститутсия аст.
«Забони русӣ барои мо зарурист. Аммо ҳамчун яке аз забонҳои дорои аҳамияти байналхалқӣ. Ба хотири он ки вақте мо дар хориҷ ҳастем, бо ин забон гуфтугӯ кунем. Ин забон бояд аз боғчаҳо сар карда ҳамчун забони хориҷӣ омӯзонида шавад. Вале мақомаш бояд мисли забонҳои СММ — байналхалқӣ бошад, дар як радиф бо англисӣ. Забони давлатӣ бояд забони қирғизӣ боқӣ монад. Ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳо бояд бо забони қирғизӣ сурат гиранд ва мансабдорон ҳам бояд бо забони қирғизӣ суханронӣ кунанд. Агар ин чораҳо андешида нашаванд, қирғизҳо аз байн мераванд», — гуфт Азимбек Бекназаров, намояндаи қурултой.
Дар Қирғизистон забони русӣ мақоми расмӣ дорад. Коргузорӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳрҳо бо забонӣ русӣ норизоии қисме аз ҷомеаро ба бор овардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ