Русия: Ҳабси шаш муҳоҷир бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ

ВКД-и Русия хабар медиҳад, ки дар вилояти Владимири Русия 13 сокини маҳаллиро боздошт кардаанд, ки шаш нафари онҳо муҳоҷир мебошанд. Ҳамаи онҳо ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ гунаҳкор дониста мешаванд.

«Қаблан муайян карда шуда буд, ки ҳамлагарон як шабакаи асосии интиқоли қувваи кории хориҷӣ ба корхонаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Владимирро ташкил кардаанд. Онҳо аз соли 2019 то соли 2023 будубоши ғайриқонунӣ ва шуғли муҳоҷиронро дар қаламрави Русия бар асоси асноди қалбакӣ таъмин кардаанд”,- хабар медиҳад ВКД-и Русия.

Феълан алайҳи 13 узви гурӯҳи муташаккил бар асоси Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. 6 нафари онҳо ба ҳабси пешакӣ ва 3 нафари дигар ба ҳабси хонагӣ гирифта шуда, 4 нафари боқимонда барои рафтори нодуруст уҳдадор шудаанд, ки аз кишвар берун набароянд.

Гуфта мешавад, ки ба шуъбаҳои милитсия қариб 400 нафар хориҷиён оварда шудаанд. Нисбати вайронкунандагон тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия протоколҳо тартиб дода шудаанд. Нисбати 53 нафари онҳо дар бораи ихроҷи маҷбурӣ аз кишвар қарор қабул шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *