Русия ҷаҳонро аз гуруснагӣ наҷот медиҳад?

— Русия барои ба эътидол овардани вазъи ғизо дар ҷаҳон ҳама чораҳоро меандешад,- мегӯяд намояндаи вижаи кишвар дар назди Иттиҳодияи Аврупо.

Владимир Чижов, намояндаи доимии Русия дар назди Иттиҳоди Аврупо дар шабакаи телевизионии “Россия 24” гуфтааст, ки Маскав барои ба эътидол овардани вазъ дар бозори ҷаҳонии ғизо ҳама корҳоро мекунад.

«Ба эътидол овардани бозори ҷаҳонии ғизо ба нафъи Русия аст, ки кишвар дар ин замина кор мекуна»,- гуфт Чижов.

Ӯ афзуд, ки фаъолияти дипломатҳои рус барои аз байн бурдани маҳдудиятҳо дар содироти маводи ғизоии Русия, аз ҷумла ғалла ва нуриҳои минералӣ идома дорад.

Қаблан Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии ин кишвар гуфта буд, ки Русия дар музокирот дар Истанбул бар зарурати дарёфти роҳи ҳалли масоили содироти ғаллаи Русия ва Украина таъкид кардааст.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия рӯзи 22-юми июл хабар дод, ки дар Истанбул ду санад барои ҳалли мушкилоти таъмини ғизо ва нуриҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба имзо расидааст.

Гуфта мешавад, ки санадҳо дар бораи лағви маҳдудият дар интиқоли маҳсулоти Русия барои содирот ва кумаки Русия дар содироти ғаллаи Украина буданд.

Созише, ки аз ҷониби Русия, Туркия, Украина ва СММ баста шудааст, содироти ғалла, ғизо ва нуриҳои Украинаро тавассути Баҳри Сиёҳ аз се бандар, аз ҷумла Одесса дар бар мегирад.

Неруҳои мусаллаҳи Русия рӯзи якшанбе ба мавқеҳои артиши украинӣ дар бандари Одесса зарба заданд, аммо ба гуфти сухангӯи дафтари матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков, ин ба раванди содироти ғалла монеагӣ намекунад. Ҳамчунин Фарҳон Ҳақ, муовини сухангӯи дабири кулли СММ гуфт, бо вуҷуди зарба ба низомиён дар бандари Одесса, амалиёти содироти ғалла аз Украина тавассути Баҳри Сиёҳ метавонад амалӣ шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *