Русия: 28 март мотами умумӣ эълом шудааст

Дар Русия 28 март ба хотири қурбониёни сӯхтори маркази тиҷорӣ-фароғатии «Зимняя вишня»-и вилояти Кемерово, ки ба иттилои расмӣ 64 кушта бар ҷой гузошт, мотами умумӣ эълом шудааст. Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард.

То ин дам ҳашт минтақаи Русия мотам эълом карда буданд. Дар як қатор шаҳрҳои Русия, аз ҷумла Москва ва Санкт-Петербург ба хотири қурбониён чорабиниҳои расмиву ғайрирасмӣ баргузор мешаванд. Бино бар хабарҳо, шаҳрвандони бештари кишварҳои ҷаҳон низ дар назди сафоратхона ва консулгариҳои Русия гул мегузоранд.

Наздикону пайвандони қурбониён ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пештар мақомоти русро интиқод карданд, ки да робита ба фоҷиаи «Зимняя вишня» мотам эълом намекунанд.

Субҳи сешанбе сокинони Кемерово дар назди бинои ҳукумати вилоят даст ба тазоҳурот зада, талаб карданд, ки шумори воқеии қурбониён эълом ва айбдорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Бештари сокинон ба арқоми гуфтаи мақомот бовар надоранд. Ба иттилои рассонаҳо гуруҳи ташаббускори иштирокдорони тазоҳурот шумори қурбониён ва бедаракшудаҳоро 85 нафар меномад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *