Русия 67 зерсохти низомии Украинаро вайрон кард
Неруҳои ҳавоии Русия 67 зерсохти низомӣ дар Украинаро вайрон карданд.
— Сухангӯи Вазорати дифои Русия, генерал-майор Игор Конашенков рӯзи чаҳоршанбе ба хабарнигорон гуфт, ки неруҳои ҳавоии Русия дар чаҳорчӯби амалиёти вижа 67 зерсохти низомиро дар Украина тахриб карданд,- менигорад Sputnik.
«Неруҳои авиатсияи оперативӣ-тактикӣ ва неруҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия ба зерсохтҳои низомии Украина зарбаи густурдаи ҳавоӣ заданд. Феълан 67 объект тахриб шудааст»,- гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24-уми феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд” унвон намуд. Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, неруҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
— Бо ҳимояти неруҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гуруҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест,- гуфт президенти Русия.
Дар рӯзи 28-уми феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Белорус музокирае баргузор карданд. Он панҷ соат тӯл кашид.
Тавре ёвари президенти Русия Владимир Путин гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд. Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Белорусу Лаҳистон баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ