Русия: 7 тоҷики «спайс» фурӯш зиндонӣ шуданд

Дар вилояти Калугаи Русия гурӯҳи 12-нафараи гумонбарон дар фурӯши маводи манъшудаи тамоку, аз ҷумла 7 шаҳрванди Тоҷикистон ба мӯҳлатҳои мухталифи зиндон маҳкум шуданд. Хабаргузории ИНТЕРФАКС-ЦЕНТР менависад, ки мурофиа дар додгоҳи шаҳри Обнинский анҷом шуд ва ҳамаи ин афрод дар фурӯши ғайриқонунии маводи мамнӯъ муттаҳам шуданд. Ба ин гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон, Молдова ва сокинони вилоятҳои Калуга ва Маскав шомил буданд. Раҳбарии гурӯҳро гӯё як тоҷики 24-сола ба ӯҳда доштааст.

Дар муддати август то октябри соли 2014 ин гурӯҳ маводи мамнӯи тамоку омода карда, инчунин 600 грамм маводи мухаддирро ба фурӯш гузоштааст. Маводи мухаддир аз навъи маснӯии нашъаи намуди «спайс» иборат будааст, ки таҳияву фурӯшаш манъ аст.

Боздоштшудаҳо бо таҳия, назорати ворид шудани мавод, тақсими пул аз фурӯши маводи мухаддир ва интиқоли он машғул буд, гуфтааст дафтари матбуоти додситонии Калуга. 10 узви гурӯҳ ба мӯҳлати аз 10 то 17 соли зиндони низомаш шалид ва модари як тифли маъюб ба 4,5 соли зиндон маҳкум шуданд. Зани дигаре аз ин гурӯҳ, ки кӯдакони хурдсолро тарбия мекард, ба панҷ соли шартии зиндон маҳкум шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *