Русия ба 8 ҳазор муҳоҷири тоҷику ӯзбек ниёз дорад
Ҳудуди 8 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ метавонанд имсол ба вилояти Аштархон (Астрахан)-и Русия барои кор дар хоҷагиҳои кишоварзии ин минтақа муроҷиат кунанд.
Кишоварзони ин маҳал ниёз ба коргари оддӣ, яъне деҳқонон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон доранд. Дар ин бора ба мухбирони маҳалливу хориҷӣ намояндаи Вазорати кишоварзии Русия дар вилоят маълумоти мухтасар додааст.
Акнун қувваи кориро ба таври муътадил, ё баробар ба ин минтақа дохил карда, бо кори кишоварзӣ таъмин хоҳанд намуд.
Дар яке аз намояндагии вазорат ба мухбирон хабар додаанд, ки аллакай зиёда аз 3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ барои иҷозаи кор муроҷиат карда, соҳиби патент шуда, дар заминҳои лалмию обӣ киштукори тарбузу харбузаи имсоларо оғоз намудаанд. Ҳоло роҳбарони 180 хоҷагии деҳқонии ин вилоят омода ҳастанд, ки тоҷику ӯзбекҳоро ба кори деҳқонӣ ҷалб созанд.
Хотиррасон мекунем, ки вилояти Аштархон ягона минтақаест, ки соли 2022 барои кор дар саҳро, ё заминҳои лалмӣ имтиёзи зиёд гирифта, аз коргарони кишварҳои хориҷӣ хуб истифода хоҳад бурд. “Ба ибораи содда бигӯем, мебинем, ки имсол мо, яъне хоҷагиҳои кишоварзии вилоят бе ягон мушкилӣ ҳуқуқ пайдо кардем, ки чӣ қадар коргаре дар заминҳои лалмӣ лозим бошад, ба кор сафарбар хоҳем кард”,- гуфт вилоятдори Аштархон Игор Бабушкин.
Чунин зарурати барҳам додани лимит барои коргарон аз хориҷи кишвар барои он пайдо шуд, ки соли 2021 бинобар сабаби нарасидани қувваи корӣ на аз дохил ва на аз хориҷ ба хеле паст шудани ҳосилнокии маҳсулоти хоҷагиҳои кишоварзӣ оварда расонд. Ҳамчунин нархи моли хоҷагӣ ба осмон расонида шуд. Замони Шӯравӣ вилояти Аштархон дар тобистон тамоми мамлакатро бо тарбузу харбузаи лалмӣ таъмин мекард. Баъди пош додани СССР ин кор қатъ карда шуда буд. Ҳоло бошад, боз ба таҷрибаи хоҷагидории Шӯравӣ рӯ оварда истодаанд.
Акнун дасти роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии вилоят кушода шуда, омодаанд дилхоҳ хоҳишманди тоҷикро ба кор таъмин кунанд.
Аз ҳамшаҳриҳои муҳтарам, бахусус ба ҷавонон муроҷиат карда, хоҳиш дорем, ки агар зарурати кор пайдо шавад, метавонед ба воситаи сомона (сайт)-и вилояти Аштархон муроҷиат карда, худро номнавис намоед, баъд аз хона метавонед ба кор равед. Ба ҳар хел миёнараву даллоли сари роҳ бовар накунед. Дар иморати ҳукумати вилоят комиссияи махсус ташкил шуда, муроҷиати шуморо интизоранд. Ҳамчунин, ёдовар мешавем, ки барои ду ҷумҳурии асосан деҳқонӣ будаи Тоҷикистону Ӯзбекистон шумораи 8 ҳазор коргар хеле кам аст ва ба зудӣ ҷойҳои корӣ банд хоҳад шуд.
Сарчашма: Маркази матбуоти вилоятдории Аштархон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ