Русия Афғонистонро ба ғазаб овард
Даъват нашудани Афғонистон ба нишасти сеҷонибаи Русия, Чин ва Покистон дар мавриди вазъияти Афғонистон, ки дар Маскав баргузор мешавад, хашми Кобулро барангехтааст.
Нишасти намояндагони Русия, Покистон ва Чин барои баррасии вазъи Афғонистон 27 декабр дар Маскав баргузор мешавад. Аз ҳукумати Афғонистон барои ширкат дар ин нишаст даъват ба амал оварда нашудааст. Аҳмад Шикейб Мустағнӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Афғонистон гуфтааст, ки чунин нишастҳо бидуни ширкати намояндаҳои ҳукумати Кобул, суолбарангез аст ва норӯшанӣ дар ин гуна нишастҳо барои Афғонистон нигаронкунанда мебошад.Сухангӯи вазорат гуфтааст: «Баррасии вазъияти Афғонистон бидуни ширкати ҷониби афғонӣ, ҳарчанд бо нияти нек ҳам сурат бигирад, аз як тараф наметавонад ба баррасии воқеъбинонаи вазъият кӯмак кунад ва аз сӯи дигар пурсишҳои ҷиддиро дар хусуси ҳадафҳои ин гуна нишастҳо назди мардуми Афғонистон ба миён меоварад. Дар робита бо нишасте, ки гӯё барои баррасии вазъи Афғонистон баргузор мешавад, бо ҳукумати Афғонистон машварат сурат нагирифтааст ва ё ин, ки давлати Афғонистон ба баргузории он мувофиқ аст ё на, ин ба назар гирифта нашудааст. Дар нишасте, ки Афғонистон ба он даъват нашудааст, наметавон ба паёмад ё муваффақияти он хушбин буд.»Рӯзи душанбеи 26 декабр парлумони Афғонистон нишасти Маскавро як мудохилаи ошкор дар умури дохилии он кишвар донист. Абдурауф Иброҳимӣ, раиси парлумони Афғонистон дар нишасти умумии Маҷлиси намояндагон аз ҳукумати он кишвар хост, то дар ин маврид мавқифашро рӯшан намояд. Вай гуфт, ки «ин як мудохилаи ошкор аст ва аз ҳукумати Афғонистон мехоҳем дар робита бо ин тасмим, бо кишварҳои зидахл дар тамос шавад.»Ин дар ҳолест, ки Сенати Афғонистон низ рӯзи якшанбе дар робита ба баргузории нишасти Маскав дар бораи Афғонистон, аксуламал нишон дод ва онро ғайримашрӯъ хонд. Тибқи бархе аз гузоришҳои таъйидношуда, эҳтимолан намояндагони Толибон дар нишасти Маскав ширкат ва суханронӣ кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ