Русия амалан аз ҳамаи мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум шуд
Дар пайи амалиёти низомии Федератсияи Русия дар кишвари Украина таҳримҳои варзишӣ аз ҷониби созмонҳои варзишии ҷаҳон алайҳи Русия шиддат мегиранд. Амалан ҳамаи кумитаву созмонҳои варзишии ин кишвар аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум шуданд.
Имрӯзҳо, ки дар кишвари Чин Паралимпиадаи зимистона идома дорад, варзишгарони кишвари Русияро ба ин мусобиқаи бонуфуз роҳ надоданд. Дар аввал гуфта шуд, ки варзишгарони ин кишвар бе парчам ва бе ба инобат гирифтани натиҷаҳояшон ширкат мекунанд, аммо як рӯз пеш аз оғози мусобиқа Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иттилоъ дод, ки қарори худро нисбати русиягиҳо ва намояндагони кишвари Белорус тағйир додааст. Онҳо барои ширкат дар ин мусобиқа роҳ дода намешаванд.
Хадамоти матбуотии Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иттилоъ дод, ки бештари кумитаҳои миллӣ ва варзишгарон аз рақобат бо русҳо ва белорусҳо даст кашидаанд. Ба ҳамин далел баргузории мусобиқаҳо зери суол монда буд.
Варзишгарони маълули Русия Чинро тарк карданд ва ба кишвари худ баргаштанд.
Пештар FIFA, UEFA, ISU алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ карда буданд ва инак, анқариб ҳамаи созмонҳои ҷаҳонии варзиш варзишгарони Русияро аз ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум карданд. Аксари футболбозони хориҷие, ки дар Русия ба ҳайси легионер бозӣ мекарданд, шартномаашонро яктарафа бекор карданд. Мураббиҳо ҳам аз кор дар ин кишвар даст кашиданд, аммо баъзе аз футболбозон ва мураббиҳои хориҷӣ ҳанӯз дар Русия фаъолият доранд.
Дастаи мунтахаби хоккейи Русия низ таҳрим шуд. Федератсияи байналмилалии хоккей гузаронидани ҳамаи мусобиқоти худро дар ин кишвар манъ кард. Соли 2023 дар Новосибирск ва Омск бояд Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон ва дар Санкт-Петербург миёни бузургсолон баргузор шавад, ки тақдираш маълум нест.
Федератсияи байналмилалии баскетбол низ Русияро таҳрим кард. Дастаи мунтахаби Русия шояд ширкат дар Ҷоми ҷаҳон, чемпионатҳои Аврупо миёни мардон ва ҳам занонро аз даст диҳад. Ширкати дастаҳои ССКА, УНИКС, «Зенит» ва «Локомотив-Кубан» дар Лигаи Аврупо низ манъ шуд.
Федератсияи байналмилалии волейбол (FIVB) низ ҳамаи дастаҳои мунтахаб, клубҳо ва бозигарони Русияро аз мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум кард. Таҳрим ба волейболи соҳилӣ ва барфӣ ҳам сидқ дорад. Ба ғайр аз ин Русияро аз ҳаққи гузаронидани Чемпионати ҷаҳонии волейбол-2022, ки бояд моҳҳои август-сентябр дар 10 шаҳри ФР баргузор мешуд, маҳрум карданд. Бозиҳои Лигаи миллатҳо низ аз ин кишвар гирифта шуданд.
Федератсияи аврупоии ҳандбол (EHF) Русияро аз ширкат дар мусобиқаҳояш ба муддати номаълум маҳрум кард. Чемпионати ҳандоболи соҳилии Аврупо, ки бояд дар Маскав баргузор мешуд, ба ҷойи дигар гузаронида шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ