Русия аз ҷиҳати гирифторони вирус аз Чин пеш гузашт
Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Русия ба 87 ҳазору 147 нафар расид, ки ин омор аз гирифторони вирус дар Чин зиёдтар мебошад.
Гуфта мешавад, ки давоми як рӯз дар ин кишвар 6 198 ҳолати нави сироятёби ба каронавирус ошкор гардида, теъдоди беморони шифоёфта 7 346 нафар ва шумораи фавтидагон 794 кас расид. Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Россия аз Чин пеш гузашта, ба ҷойи 9-ум баромад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз Россия ҳамчунин ИМА (987 322 нафар), Испания (226 629), Италия (197 675), Франсия (162 100), Германия (157 770), Британияи Кабир (152 840), Туркия (110 130), Эрон (90 481) ва Чин (82 830) дохил мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ