Русия:Ба хеши Гулмурод Ҳалимовро 4 соли зиндон доданд

Додгоҳи низомии Русия Абдусалом Абдуҷабборзода, як хешованди полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимовро бо ҷурми ҷалби афрод ба сафи ДИИШ ба 4 соли зиндон ва шарики ӯ Наҷибулло Файзуллозодаро ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Абдуҷабборзода дар додгоҳ гуфт, бо истифода аз хешутабориаш бо «вазири ҷанг”-и ДИИШ ба мардум ваъда медод, ки онҳоро дар Сурияву Ироқ бо мансабу маоши хуб таъмин хоҳад кард.

Додгоҳи низомии ҳавзаи Қафқози шимолӣ дар шаҳри Ростов рӯзи 20 феврал муҳокимаи парвандаи пурсарусадои як хешованди полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимовро анҷом дод. Абдусалом Абдуҷабборзода, ки 27 сол дорад, ба 4 соли зиндон, ва шарики 28-солаи ӯ Наҷибулло Бобишои Файзуллозода ба 6 соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ аз кирдори худ изҳори пушаймонӣ кардан ва бо тафтишот ҳусни комили ҳамкорӣ нишон додани ҳардуро ба назар гирифта, онҳоро чунин ҳукми нисбатан сабук додааст.

Додгоҳ хешованди «вазири ҷанг”-и ДИИШ ва шарики вай Файзуллозодаро дар ҷалби афрод ба сафи созмони мамнӯи «Давлати исломӣ” (ДИИШ) гунаҳкор шинохт. Ба гуфтаи додгоҳ, Абдуҷабборзода ва Файзуллозода тавассути як канали махсус дар шабакаи Телеграм ва ҳамчунин дар масҷидҳои Ҷумҳурии Адигеяи кишвари Краснодари Русия, аз ҷумла дар масҷиди шаҳракҳои Энем ва Яблоновскийи ноҳияи Тахтамуқай ақидаҳои ДИИШ-ро таблиғ ва аз намозгузорон, асосан аз муҳоҷирони кории тоҷик даъват мекарданд, то ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи ин созмони тундрав бипайванданд. Мақомоти кишвари Краснодар соли гузашта дар бораи боздошти дастикам 5 шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки ба гуфтаи ин мақомот, қасди сафар ба Сурияву Ироқро доштанд.

Бино ба гузориши сомонаи РИА ФАН, Абдусалом Абдуҷабборзода дар додгоҳ эътироф кард, ки барои боло бурдани эътибори худ ва ташвиқи мардум барои сафар ба Сурияву Ироқ аз мақоми хешовандиаш бо Гулмурод Ҳалимов фаровон истифода мебурд. Вақте хабар расид, ки Гулмурод Ҳалимов ба мақоми «вазири ҷанг”-и ДИИШ расидааст, забони ин хешовандаш дар Краснодар боз ҳам дарозтар шудааст.

Ӯ дар додгоҳ дар ин бора гуфтааст: «Барои таъкид кардани обрӯям ман ба мардум мегуфтам, ки хеши Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН-и Тоҷикистон ҳастам. Баъди «вазири ҷанг” шудани Ҳалимовро фаҳмидем, ман ба намозгузорони масҷиди Яблоновский ҳамеша мегуфтам, ки азбаски Ҳалимов хеши ман аст, ман метавонам бароямон дар ДИИШ мақомҳои худ ба даст биорам ва талош кунам, то моро бо маошҳои хуб таъмин кунанд.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *