Русия ба Қирғизистон 30 миллион доллар ҷудо кард

Русия ба хотири пуштибонӣ аз буҷети Қирғизистон ба ин кишвар ба миқдори 30 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки молии ройгон ҷудо кардааст.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия субҳи 28 март  бо як сафари давлатӣ вориди Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуд.

Мулоқоти сарони давлатҳои Русия ва Қирғизистон дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча” баргузор шуда ва дар назар аст дар ҷараёни ин дидор миёни ин ду кишвар ҳудуди 30 санади ҳамкорӣ имзо шавад.

Дониёр Содиқов, раиси бахши равобити хориҷии Дастгоҳи президенти Қирғизистон ба хабарнигорон гуфтааст, ки мумкин аст дар мавриди тавсеъаи пойгоҳи низомии Русия дар Кант протокол ба имзо расад.

Ҳамчунин, дар ҳошияи сафари давлатии Владимир Путин ба Қирғизистондар шаҳри Бишкек Ҳамоиши раисони донишгоҳҳои Русия ва Қирғизистон оғоз гардид.

Сооронбой Женбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар ифтитоҳи ин ҳамоиш таъкид кард, ки забони русӣ дар Қирғизистон мақоми расмиро доро буда ва дар канори забони қирғизӣ истифода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия хабар дод, ки Русия ба хотири пуштибонӣ аз буҷети Қирғизистон ба ин кишвар ба миқдори 30 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки молии ройгон ҷудо кардааст.

Дар соли 2017 Русия қарзи давлатии Қирғизистонро ба маблағи 16 миллиард рубл ё ки 240 миллион доллар бахшида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *