Русия  ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон нерӯ мефиристад?

Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон пешниҳод кард, дар ивази тақвияти пойгоҳи низомии Кант, неруҳои Русия дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Бодканд ҷойгир шаванд.

Отамбоев 26 июн ҷузъиёти сафарашро ба Русия дар ҳузури рӯзноманигорон ошкор кард. Вай гуфт, пойгоҳи низомии Кант ба тақвият эҳтиёҷ надорад. “Дар мавриди пойгоҳ суҳбат шуд. Мо розием, ки пойгоҳ бояд таҷдид шавад, соҳиби силоҳи нав гардад. Аммо шумори низомиҳоро афзудан, тақвият додан — чи маънӣ дорад? Бишкекро аз кӣ муҳофизат бояд кард? Барои мо тақвияти марз бо Тоҷикистон дар вилояти Ботканд зарурат дорад — ин муҳим аст. Ман дар мавриди Афғонистон эътимод надорам, оё Тоҷикистон истодагарӣ карда метавонад? Мо албатта ба Тоҷикистон кӯмак мекунем, машқҳои муштарак доир мекунем, аммо онеро, ки эҳтиёт мекунад, Худо ҳам кӯмак мерасонад. Гузинаҳои дигарро Қирғизистон ба баррасӣ намегирад”, — гуфт президенти ин кишвар.

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия дар суҳбат бо расонаҳо пешниҳоди Отамбоевро дар робита ба ҷойгир кардани низомиҳои рус дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шарҳ надод. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон гуфт, ниҳоди марзбонӣ дар бораи пешниҳоди Отамбоев аз расонаҳо хабар пайдо кардааст. Вай гуфт, ҳоло ин маълумот ба раҳбари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ирсол шуда ва вокуниши мақомот дар ин замина пас аз ошноӣ бо маълумоти мазкур, пахш хоҳад шуд.

“Нерӯҳои марзбонии Русия пас аз хориҷ шудан аз сарҳадҳои Тоҷикистон бо Афғонистон дар соли 2005 дар сарҳади ин кишвар бо Қазоқистон ҷойгир шуда буданд. Он замон ҳам далели ин амр, ҷилавгирӣ аз вуруди эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир, аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия буд. Агар нерӯҳои Русия дар сарҳади Қирғизистон бо Тоҷикистон ҷойгир шаванд ҳам, амнияти Қирғизистон ва Русияро ҳимоят хоҳанд кард”, — мегӯяд генерал Нуралишо Назаров, муовини пешини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *