Русия ба Тоҷикистон силоҳу техника дод
Русия ба артиши Тоҷикистон ба маблағи 320 миллион рубл ё 5 миллион доллари амрикоӣ аслиҳа ва техникаи низомӣ додааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Округи марказии низомии Русия, аз ҷумла, Тоҷикистон аз Русия истгоҳҳои радиолокатсионӣ барои дифоъ аз фазои кишвар ва мошинҳои зиреҳпӯши иктишофии БРДМ-2М дарёфт кардааст.
Александр Лапин, фармондеҳи неруҳои ҳарбии ҳавоии Округи Марказӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ин техникаи низомӣ дар ҳоле ба артиши Тоҷикистон супурда мешавад, дар кишвари ҳамсояи Афғонистон таҳдид ва хатарҳо дар ҳоли афзоиш гузориш мешавад.
Аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ имрӯз, 29 октябр дар фурудгоҳи низомии Ҳисор, пас аз поёни машқҳои низомии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ бо номи “Бародарии шикастнопазир-2019” дар ихтиёри артиши Тоҷикистон гузошта шуданд.
Зимнан, Русия дар соли 2015 ба Неруҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба миқдори 70 миллиард рубл ё 1,23 миллион доллар кумаки низомӣ ироа карда буд.
Дар моҳи декабри соли 2017 бошад Русия ба таври ройгон ба артиши Тоҷикистон аслиҳаи тирандозӣ, тӯп, зиреҳпӯшҳои замонавии БТР-80, танкҳои Т-72 ва мошинҳои низомии пиёдгарди БМП-2 дода буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ