Русия барои дастгирии ҷавонони тоҷик 2 миллион доллар ҷудо кард
Сафири Русия И. С. Лякин-Фролов дар бораи оғози лоиҳаи нав дар якҷоягӣ бо БРСММ — «Такмили имкониятҳои ҷавонон тавассути рушди малакаҳои касбӣ ва пешбурди инноватсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хабар дод, ки Русия барои татбиқи он 2 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, лоиҳа, ки татбиқи он аз 1-уми январи соли 2022 оғоз мешавад, бояд ҷавонони фаъоли Тоҷикистонро, ки ба болоравии касбӣ ва баланд бардоштани донишу малакаашон таваҷҷуҳ доранд, фаро гирад.
«Ояндаи Тоыикистон махсусан аз ҷавонони имрӯзаи ин кишвар вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, Русия кӯшиш мекунад, ки духтарону писарони ҷавонро дар самти рушдашон, такмили маҳорати касбӣ ва ҳалли инноватсионӣ дастгирӣ намояд»,- мегӯяд И. С. Лякин-Фролов.
— Дар доираи лоиҳа барои ҷавонони фаъоли тоҷик 350 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад, ки ба талаботи муосири бозори меҳнат нигаронида шудааст,- иттилоъ медиҳад Сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ