Русия барои нашри китоб дар мактабҳои русзабони Тоҷикистон 200 миллион ҷудо кард
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ки Федератсияи Русия барои таълиф ва нашри китобҳо ба мактабҳои русзабони кишвар 200 миллион рубл ҷудо кард.
Ба иттилои вазир ҳоло дар Тоҷикистон 244 мактаби русзабон мавҷуд аст ва таълим дар 60 мактаб пурра ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, номбурда гуфт, ки 94 фоизи мактабҳои Тоҷикистон бо китобҳои дарсӣ таъминанд.
Аммо бо вуҷуди ин, норасоии китоб дар мактабҳо ҷой дорад ва ҳамасола волидайн аз мағозаҳои китоб барои фарзандонашон бо нархи гарон китоб харидорӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ