Русия  беш аз 43 ҳазор патенти  муҳоҷиронро бекор кард

Муҳоҷирон дар Русия аз ҳаққи истифодаи хидматҳои бонкӣ, идораи нақлиёт ва издивоҷ маҳрум мешаванд.

Вазорати корҳои дохилии Русия беш аз 43 ҳазор патент ё  иҷозатномаи кори муҳоҷирони меҳнатиро бекор кардааст. Ба гуфтаи мақомот, ин рақам дар муқоиса бо соли гузашта се баробар афзоиш ёфтааст.

Ирина Волк, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтааст, ки патенти онҳое бекор шудааст, ки мақомоти корҳои дохилии Русияро сари вақт дар бораи гирифтани иҷозатномаи кор огоҳ накардаанд.

Бар асоси қонунгузории Русия,  огоҳиномаи дахлдор метавонад тавассути почта бо мӯҳри квитансия фиристода шавад ё ба филиали хадамоти шиноснома ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод карда шавад. Дар акси ҳол, коргари хориҷӣ заминаи қонунии буду бош ва кор дар Русияро аз даст медиҳад.

Инчунин ӯҳдадории сафар берун аз Федератсияи Русияро ба миён меорад, ки риоя накардани он барои депортатсияи маҷбурӣ аз кишвар асос мешавад.

Дар ҳоли ҳозир дар Русия феҳристи шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин кишвар ғайриқонунӣ қарор доранд, таъсис дода меёбад. Ин шаҳрвандон пас аз ворид шудан ба феҳрист наметавонанд нақлиётро идора кунанд, аз хидматҳои бонкӣ истифода баранд, амволро ба қайд гиранд ва издивоҷ кунанд.

 Вазорати корҳои дохили Русия лағви низоми бидуни раводидро беҳтарин вариант барои амнияти дохилӣ донистааст.

Тибқи иттилои  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар ним соли ахир аз Русия беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *