Русия бо Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ҳамкорӣ дорад

Маскав дар робита ба боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳамлаи террористӣ дар маҷмааи «Крокус Сити Холл» муттаҳам мешаванд, бо ниҳодҳои Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ҳамкории зич дорад.

Дар ин бора РИА «Новости» дар такя ба як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар додааст.

«Мо бо тамоми хадамотҳои шарикӣ, аз ҷумла бо хадамоти тоҷик ҳамкории зич дорем. Мо кумак мегирем ва дастгириро ҳис мекунем. Ба муфаттишон кумак расонида мешавад», — гуфтанд дар оҷонсӣ.

Додгоҳи Басмании Маскав чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холлро то 22 май боздошт кард.

Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешаванд. Онҳо ба содир кардани ҳамлаи террористӣ, ки дар ҳайати гурӯҳи муташаккил боиси марги одамон шудааст, муттаҳам карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ сурат гирифт.

Ҳамлагарон дар баробари парронидани бошандагони бино аз норинҷакҳои оташзо низ истифода карданд, ки боиси сӯхтори шадид шуд, ки барои хомӯҳ кардани он чархболҳо ҷалб шуданд.

Амалиёти наҷот дар маҳалли ҳамлаи террористӣ дар Крокус ба анҷом расида, ҷустуҷӯҳо бошад, идома дорад.

Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия, теъдоди кушташудагон ба 137 нафар расида, се нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Ҳамчунин 180 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дар натиҷаи амалиёти махсус 11 нафар боздошт шуданд.

Додгоҳи Басмании Маскав чаҳор муттаҳамро дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл боздошт кард. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ба ҳабси пешакӣ барои ду моҳ равон шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *