Русия бори дигар омодагиашро барои таҳкими артиши Тоҷикистон эълон кард

Давлати Русия эълон кард, ки дар пайи ҷамъшавии гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон ва таҳдид ба амнияти Тоҷикистон дар таҳкими артиш ва неруҳои амниятии ин кишвар кумак хоҳад кард.

Давлати Русия эълон кард, ки дар пайи ҷамъшавии гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон ва таҳдид ба амнияти Тоҷикистон дар таҳкими артиш ва неруҳои амниятии ин кишвар кумак хоҳад кард.

Дар ин маврид Николай Патрушев, котиби Шӯрои амнияти Русия рӯзи 27 июн дар ҳамоиши котибони шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Созишномаи Амнияти Дастҷамъӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон изҳор дошт.

Ба гуфтаи вай, дар минтақаҳои шимоли Афғонистон созмонҳои террористии “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ”, “Ҷамоати Тавҳид ва Ҷиҳод”, “Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон” ва гурӯҳҳои террористию тундрави дигар гирдиҳам омада ва қасди вуруд ба кишварҳои Осиёи Марказиро доранд.

Дар ин ҳамоиш вазъият дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон ва стратегияи мубориза бо терроризми байналмилалӣ дар солҳои 2019-2021 баррасӣ шудааст.

Зимнан, дар ҷарёни дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Русия дар моҳи апрели соли ҷорӣ Владимир Путин, ҳамтои руси ӯ таъкид дошт, ки ҳамкории кишвараш бо Тоҷикистон дар бахшҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон густариш хоҳад ёфт.

Ҳамчунин, Вазорати корҳои дохилии Русия ва Агентии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар заминаи муборизаи муштарак алайҳи қочоқи маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон тавофуқ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *