Русия: Боз ду тоҷикро боздошт карданд
Pӯзи 4 октябр пулиси Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки яке 33 ва дуувумӣ 48 сол доранд, бо иттиҳоми ширкат дар эътирозҳо дар бозори «Москва” дар минтақаи Люблино дастгир кардаанд. Аммо бо гузашти ду ҳафта хабаре дар бораи дастгир шудани посбонҳои ин бозор барои латукӯби аробакаши тоҷик, ки сабаби ин эътирозҳо шуд, нашр нашудааст.
Хабаргузории «Москва” ва нашрияи «МК” рӯзи 5 октябр бо такя ба манобеи худ дар мақомоти интизомии пойтахти Русия хабар доданд, ки рӯзи 4 октябр ду шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар эътирозҳои ду ҳафта пеши тоҷикон дар назди бозори «Москва” дастгир шудаанд.
Нашрияи «МК”-и чопи Маскав навишт, ин ду нафарро, ки яке 33 ва дувумӣ 48 сол доранд, маъмурони бахши ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси Маскав ва нирӯҳои вижаи Росгвардия дар як манзил дар шоҳроҳи Энтузиастҳо дастгир кардаанд. Бино ба ин манбаъ, ҳарду шаҳрванди тоҷик узви «гурӯҳи ҷиноятии муташаккилонаи тоҷикҳо” буда, қаблан ҳам зиндонӣ шудааанд. Онҳо ҳоло ба авбошӣ муттаҳам мешаванд.
Хабаргузории расмии «Москва” бо такя ба манбаи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки барои боздошти ин ду шаҳрванди Тоҷикистон нирӯҳои СОБР (воҳиди зудамал)-и «Рысь” истифода шудааст: «Дар ҷараёни амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ ду узви фахоли гурӯи ҷиноятии муташаккилонаи қавмии тоҷикҳо бо кумаки СОБР «Рысь” дастгир шуданд. Яке аз онҳо, ки зодаи Тоҷикистон аст, соли 2015 барои узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ маҳкум ба зиндон гардида, соли равон озод шуда буд. Боздоштшудаи дувум, ки ҳамватани аввалист, соли 2012 бо ҷурми барқасдона расондани осеби миёнаи ҷисмонӣ зиндонӣ шуда буд.”
Ба гуфтаи ин манобеъ, ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон шоми 20 сентябр дар ҷараёни эътирозҳо дар даромадгоҳи бозори «Москва” бо истифода аз «чизе ки ба дасташон мехӯрд” даст ба авбошӣ задаанд ва ба зидди онҳо парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.
Рӯзи 20 сентябр посбонҳои бозори «Москва” аробакаши тоҷик Наврӯз Зикировро барои онки бе супоридани «ҳаққ”-и онҳо аз як растаи ин бозор ба растаи дигараш бор кашондааст, шадидан латукӯб карданд. Наврӯз Зикировро бо мошини «Ёрии таъҷилӣ” ба бемористон бурданд ва шоми 20 сентябр издиҳоми иборат аз садҳо тоҷик дар назди дарвозаи бозор бо талаби ба ҷавобгарӣ кашондани онҳое, ки аробакаши тоҷикро латукӯб кардаанд, ҷамъ шуданд.
Нирӯҳои ОМОН шаби 20 сентябр дар назди бозори «Москва” беш аз 90 эътирозгар ва рӯзи 21 сентябр беш аз 30 каси дигарро дастгир карданд. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи манобеи огоҳ, дар он рӯзҳо дар Маскав то 350 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуд.
Пулиси Маскав гуфта буд, ки дар робита ба он ҳаводис ду парвандаи ҷиноятӣ – яке бо иттиҳоми латукӯби аробакаши тоҷик Наврӯз Зикиров ва якеи дигар бо иттиҳоми авбошӣ дар ҷараёни тазоҳуроти тоҷикон дар назди бозори «Москва” оғоз кардааст.
Аммо агар дар робита ба «авбошӣ” алакай ду шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардаанд, вале то имрӯз дар бораи ба куҷо расидани парвандаи латукӯби Наврӯз Зикиров хабаре нарасидааст. Ва маълум ҳам нест, ки оё кадоме аз посбонҳои бозлор дастгир шудаанд ё на?
Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин ҳафта бо ирсоли як нота ба вазорати хориҷаи он кишвар хостори таҳқиқи мӯшикофона ва одилонаи ин қазия шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ