Русия боз як дарашро ба рӯйи муҳоҷирон бастанист

Вазорати меҳнати Русия мехоҳад муҳоҷиронро аз мусофиркашонӣ тавассути таксӣ дар қаламрави кишвар маҳрум кунад.

Яке аз вакилони Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург, Андрей Анохин ба роҳбари Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Русия Антон Котяков пешниҳод карда, кори муҳоҷирон дар таксиҳо маҳдуд карда шавад.

«Ин ба таъмини ҷойҳои кории шаҳрвандони Русия кумак хоҳад кард, ки ин дар шароити пандемияи глобалӣ ниҳоят муҳим аст», — мегӯяд ин вакил.

Анохин мегӯяд, ки дар соли 2019 шумораи садамаҳои нақлиётӣ 60% афзуда, фавт 41 дарсад бештар шудааст. Ҳамзамон, 25% -и дигар афзоиши эпизодҳои садамаҳои нақлиётӣ дар соли 2020 ба қайд гирифта шудааст.

“Ронандагони муҳоҷир аксар вақт бе хоб ва истироҳат кор мекунанд, аз ин рӯ, аксар вақт рост дар паси чанбар хоб мераванд ва таҳдиди садамаҳои нақлиётиро ба вуҷуд меоранд” – мегӯяд вакил.

Аз ин рӯ, депутат даъват мекунад, ки барои маҳдуд кардани шуғли муҳоҷирон дар таксиҳо чораҳо андешида шаванд.

Агар чунин қонун қабул шавад, боз як дари Русия ба рӯйи тоҷикон баста мешавад. Ба андешаи ман, дигар Русия барои муҳоҷирати тоҷикон маҳали дилпуру амн нест, бинобар ин, ҳукумати моро мебояд, ки сари тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷират бо дигар кишварҳо бошанд.

Мо ҳамеша ба умеди Русия буданамон дуруст нест, бояд ба ҷаҳони васеътар бароем.

Махсум Воҳидов, ш. Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *