Русия: Боз як мушкилот барои муҳоҷирон

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки ба ҳамаи муҳоҷирон, ки дар тӯли зиёда аз 90 рӯз ба Русия меоянд, бояд ID-кортҳо дода шаванд.

Тахмин мезананд, ки хориҷиён қабл аз гирифтани васоити электронӣ бояд аксбардорӣ, изи ангушт ва аз муоинаи тиббӣ гузаранд, менависад РИА Новости.

Ин дар лоиҳаи иловаҳо ба қонуни федералӣ, ки аз ҷониби мутахассисони Вазорати корҳои дохилии Русия таҳия шудааст, гуфта шудааст.

Дар ин санад гуфта мешавад, ки ID-корт ба муҳоҷироне дода мешавад, ки нияти гирифтани мақоми «барои зинадгии дарозмуддат» дар Русияро доранд ва ё алакай дар ин кишвар иқомат доранд.»(ID-card — ин) як санади ягона бо дарбаргирандаи маълумот электронӣ аст», иқтибос меорад агентӣ аз таҳиягарони лоиҳа.

Шаҳрвандони хориҷӣ танҳо пас аз гузоштан изи ангушт, аксбардорӣ ва ташхиси тиббӣ, ки барои муайян кардани бемориҳои хатарноки сироятӣ пешбинӣ шудаанд, метавонанд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро ба даст оранд.Тартиботи дар боло овардашударо дар 10 сол як маротиба такрор кардан лозим меояд.

Вазорати корҳои дохилӣ таъкид мекунад, ки хориҷиёне, ки камтар аз 90 рӯз ба Русия меоянд, набояд шаҳодатномаи шахсӣ гиранд. Интизор меравад, ки ин санад дар соли 2021 ниҳоӣ шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *