Русия: Боздошти ҷавони 25-солаи тоҷик барои таҷовуз бо номуси хоҳаронаш
Додгоҳи ноҳияи Советскийи шаҳри Волгогради Русия як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро ба 8 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Ин мард дар таҷовуз ба номуси ду хоҳари дугоники ноболиғаш гунаҳкор шинохта шуд. Ин ҷинояти мудҳиш моҳи августи соли 2017 замоне фош шуд, ки ҳарду хоҳар аз бародари худ ҳомила шуданд…
Нашрияи «Блокнот”-и чопи шаҳри Волгоград рӯзи 30 май дар сомонаи интернетиаш хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Советский як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро бо ҷурми таҷовуз ба номуси ду хоҳари дугоники ноболиғаш ба 8 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.
Оксана Черединина, ёвари аршади додситони вилояти Волгоград дар умури робита бо матбуот ба "Блокнот” гуфт: "Ин муҳоҷири 25-сола бар асоси қисми чоруми моддаи 134-уми Кодекси ҷиноятии Русия ба алоқаи ҷинсӣ бо шахсоне, ки ба синни 14 нарасидаанд, гунаҳкор шинохта шуда, ба 8 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.”
Оилаи ин муҳоҷири тоҷик дар ҳудуди ноҳияи Советский зиндагӣ мекард. Ин ҷавони 25-сола моҳи сентябри соли 2016 барои мардикорӣ ба шаҳри Волгоград омада, ҳамроҳи модараш, падари ӯгай ва ду хоҳари дугоники он вақт 13-солааш зиндагӣ мекард. Намояндаи раёсати тафтишоти вилояти Волгоград мегӯяд: «Ӯ аз моҳи сентябри соли 2016 то моҳи августи соли 2017 дар хона бо навбат бо хоҳарони дугоники хурдсолаш алоқаи ҷинсӣ кардааст. Ҷабрдидаҳо муддати зиёде дар ин бора ба касе лаб накушодаанд. Волидони кӯдакон фақат вақте аз қазия огоҳ шуданд, ки ҳарду кӯдак аз бародари худ ҳомила шуданд.”
Хоҳарони дугоник иқрор мекунанд, ки аз бародарашон ҳомила шудаанд. Модари ҷавон ин сирро пинҳон нигоҳ дошта, писарашро ба як вилояти ҳамсоя мефиристад.
Аммо табибони машваратхонаи занонае, ки дар пайи муроҷиати модари ин ду духтар ҳомила будани онҳоро ташхис карданд, дар бораи ин қазия ба пулис хабар доданд.
Пулис ба тафтиши қазия пардохта, баъди чанд рӯз ҷавони фирориро дастгир карданд.
Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, ин нахустин ҷинояти ин ҷавон набудааст. Ӯ ҳанӯз дар овони наврасӣ дар Тоҷикистон бо ҷурми куштор аз беэҳтиётӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд. Гуфта мешавад, ки ӯ як ҷиянашро кушта, ҷасадашро зери хок карда буд, вале ин ҷиноят ошкор шуд ва қотилро ба ҷавобгарӣ кашиданд.
Раёсати тафтишоти вилояти Волгоград ҳанӯз моҳи март дар як гузориш дар сомонаи расмиаш навишт, ки тафтишот далелҳои кофии даст доштани бародар дар дастдарозӣ ба номуси хоҳарони хурдсолашро ҷамъ овардааст. Худи ҷавон низ, ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, ба гуноҳи худ эътироф кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ