Русия: Боздошти сардухтур барои марги навзод
Додгоҳи шаҳри Калинингради Русия Елена Белая, сардухтури таваллудхонаро ба ҳабси хонагӣ фиристод. Вай дар марги тифли навзоди шаҳрванди Ӯзбекистон айбдор мешавад.
Гуфта мешавад, 5 ноябри соли ҷорӣ шаҳрванди Ӯзбекистон дар ҳолати вазнини ҳомиладорӣ ба таваллудхона интиқол ёфт. Тифли навзоди вай ба сахтӣ нафас мекашид. Тафтишот мегӯяд, дар сурати сари вақт табобати дуруст шудан, мумкин буд, навзод зинда монад.
Ба иттилои тафтишот, Елена Белая дастур додааст, ки ба навзод доруи «Куросурф» надиҳанд, ки як донаи он 20 ҳазор рубли русӣ — муодили тақрибан 2800 сомонӣ — арзиш дорад. Мақомоти тафтишотии вилояти Калинингради Русия мегӯянд, «сардухтур ба табибон дастур додааст, ки барои зинда намондани тифл тамоми чораҳоро андешанд».
Ҳангоми тафтишот Елена Белая гуфт, «доруи «Куросурф» арзиши гарон дорад». Яке аз кормандони таваллудхона мегӯяд, сарфи назар аз дастури сардухтур, вай ба тифли навзод доруи «Куросурф» додааст, аммо дору натавонист, тифлро наҷот диҳад. Баъдтар Белая ба зердастонаш дастур дод, дар ҳуҷҷатҳо нависанд, ки тифл мурда ба дунё омада буд.
Зидди сардухтури ҳамакнун пешини таваллудхона бо моддаи «Берун рафтан аз ҳадди салоҳиятҳои хизматӣ» парванда бозшудааст. То анҷоми тафтишот Елена Белая ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ