Русия: Боздошти тоҷики навбатӣ бо иттиҳоми таҷовузи духтарчаи 8- сола

Матбуоти Русия хабар дод, ки як шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав бо гумони педофилия таҷовуз ба номуси духтари 8-сола дастгир шудааст. Ба зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

«360” — шабакаи телевизионии вилояти Маскав – рӯзи 17 август дар як хабар таҳти унвони «ПЕДОФИЛ ИЗ ТАДЖИКИСТАНА ИЗНАСИЛОВАЛ 2–КЛАССНИЦУ РЯДОМ СО ШКОЛОЙ В СОЛНЕЧНОГОРСКЕ” («ПЕДОФИЛ АЗ ТОҶИКИСТОН ХОНАНДАИ СИНФИ 2-РО ДАР НАЗДИ МАКТАБ ДАР СОЛНЕЧНОГОРСК ТАҶОВУЗ КАРД”) аз қавли як манбаъ дар мақомоти пулиси шаҳри Солнечногорск хабар дод, ки шоми 16 август дар ин шаҳр як духтари 8-соларо, ки дар синфи дуюм таҳсил мекунад, дар назди литсей таҷовуз кардаанд. Падари духтар ба пулис шикоят кардааст ва пулис бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят як шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистонро дастгир кардааст.

Тафсилоти дигаре дар бораи ин ҳодиса оварда намешавад. Ба ҷуз инки «360” мегӯяд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Солнечногорск бидуни сабти ном зиндагӣ мекард ва ба зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

То куҷо воқеият доштани ин иттиҳом низ ҳанӯз маълум нест. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки дар ин авохир мавридҳои бо тӯҳмат, аз ҷумла бо тӯҳмати бадрафтории ҷинсӣ боздошт шудани муҳоҷирон дар Русия зиёд шудааст.

Яке аз чунин қазияҳои пурсарусадо, ки баъдан тӯҳмат буданаш маълум шуд, се сол пеш – дар моҳи сентябри соли 2014 дар ҳамин шаҳри Солнечногорск рух дода буд. Маъмурони пулиси шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав Фаррух Урозови 40-сола аз ноҳияи Фархори Тоҷикистонро шоми 17 сентябри соли 2014 бар асоси шикояти як зани ҳамсоя, ки ӯро ба таҷовузи духтари шашсолааш айбдор кард, боздошт карданд. Фаррух Урозов ҳамон шаб дар шӯъбаи пулис бар асари шиканҷаи шадид ба ҳалокат расид.

Бо иттиҳоми бо шиканҷа ба ҳалокат расондани Урозов се афсари пулис маҳкум ба зиндон шуданд.

Дар ҷараёни мурофиаи ин се афсар маълум шуд, ки шикояти он зани ҳамсоя аз бадрафтории Фаррух нисбат ба духтари ӯ беасос ва тӯҳмат будааст. Аз Фаррух Урозов 5 фарзанд ятим монд.

Матбуоти Русия моҳи июли соли ҷорӣ низ тақрибан пушти ҳам дар бораи боздошти дастикам ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ду гӯшаи гуногуни Русия бо иттиҳоми бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба кӯдакони ноболиғ гузориш дода буд.

Аз ҷумла гуфта мешуд, ки пулис дар ноҳияи Кирови шаҳри Санкт-Петербург як шаҳрванди 53-солаи Тоҷикистонро бо гумони зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба писарбачаи 11-солаи ҳамсояаш дастгир кардааст. Модари ин кӯдак ба пулис хабар додааст, ки марди ҳамсояаш аз моҳи ноябри соли 2016 то 22 июли соли равон чандин бор нисбат ба писари хурдсоли ӯ, ки соли таваллудаш 2006 аст, ҳаракатҳои шаҳвонӣ кардааст.

Тақрибан ҳамзамон нашрияи «Знак”-и чопи Челябинсск аз қавли сокинони деҳаи Полетаево-2-и ноҳияи Сосновскийи ин вилоят дар бораи боздошти як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи сокинон, шоми 24 июл, соати тақрибан 17 аз як ҳавлии беодам дар канори деҳа садои доду фарёди кӯдакро шунидаанд. Вақте ба ҷои ҳодиса рафтаанд, дидаанд, ки як марди маст қасд дорад, духтари шашсолаи сокини Полетаево-2-ро таҷовуз кунад.

Духтарро аз дасти он мард наҷот додаанд ва таҷовузкор фирор кардааст. Баъди чанде маъмурони пулис як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар ин амал дастгир кардаанд.

Ҳамин тавр, моҳи марти соли равон додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Челябинск Раҳмонҷон Мирзоев, соли таваллудаш 1974-ро, ки шаҳрвандии ҳам Тоҷикистону ҳам Русияро дорад, бар асоси қисми чоруми моддаи 132-уми Кодекси ҷиноятии Русия дар таҷовуз ба номуси духтари яқинан зери синни 14 гунаҳкор шинохт ва ба 13 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Додгоҳ гуфт, Раҳмонҷон Мирзоев аз соли 1996 бо як шаҳрванди Русия зиндагии якҷоя мебурд ва нисбат ба хоҳарзодаи ҳамсараш аз соли 2013, ки он духтар он вақт ҳамагӣ 13 сол дошт, алоқаи шаҳвонӣ доштааст. Худи Раҳмонҷон Мирзоев ин иттиҳомро рад карда, гуфт, азбаски ҷияни ҳамсарашро таҳти тарбияи сахт қарор дода буд, нисбат ба вай чунин тӯҳмат задааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *