Русия дар Тоҷикистон 5 мактаби дигар месозад

Русия ва Тоҷикистон сохтмони боз 5 мактаби дигари русӣ-тоҷикиро дар қаламрави Тоҷикистон ба нақша гирифтаанд.

Дар назар аст, ки ин мактабҳо то соли хониши 2030 аз ҳисоби буҷаи Русия бунёд шаванд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан аз ҷониби Русия панҷ мактаб дар шаҳрҳои  Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода сохта ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳоло дар ин мактабҳо 5,7 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.

Ин мактабҳо 1 сентябри соли 2022 аз ҷониби сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия тариқи маҷозӣ ифтитоҳ шуданд. Русия барои сохтмони онҳо ҳудуди 150 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Тибқи иттилои расмӣ, айни замон дар Тоҷикистон 43 мактаби русӣ фаъолият дошта, илова бар ин, дар 152 мактаби кишвар синфҳои русӣ мавҷуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *