Русия: Дастгиршавии наврасоне, ки ба мактаб ҳамла карданд
Додгоҳи шаҳри Перми Русия ду наврасро, ки рӯзи душанбе ба мактаб ҳамла карданд, то ду моҳ ба ҳабс гирифт. Ҷаласаи додгоҳ дар бемористоне баргузор шуд, ки наврасон онҷо бистарӣ шудаанд. Дар ин бора нашрияи «Новая Газета» рӯзи 17 январ хабар дод.
Ҳамла ба мактаби №127 дар шаҳри Перм субҳи 15 январ сурат гирифт. Ҳамлакунандагон — яке хатмкарда ва дигарӣ хонандаи ҳамин мактаб ба сари ҳамдигар коркашӣ карданд. Ба иттилои расонаҳо, ташаббускори 16-солаи ин ҳамла дар қайди бемористони касалиҳои рӯҳӣ будаст.
Дар ин моҷаро 15 нафар бо шумули хонандагони синфи 4 ва омӯзгори ин мактаб Наталия Шагулина захм бардошт. Шагулина бо ҷароҳати зиёд дар бемористон бистарӣ шуд. Бино ба бархе фарзияҳо, маҳз ӯ ҳадафи ҳамлаи наврасон буд.
Мақомот бо моддаи талоши куштор парванда боз карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ