Русия ду шаҳраки низомиро ба Тоҷикистон месупорад

Вазорати мудофаи Русия тасмим гирифтааст, шаҳраки низомии гарнизони пойгоҳи ҳарбии 201-ум дар шаҳри Кӯлобро дар ихтиёри Тоҷикистон гузорад.

Вазорати мудофаи Русия тасмим гирифтааст, шаҳраки низомии гарнизони пойгоҳи ҳарбии 201-ум дар шаҳри Кӯлобро дар ихтиёри Тоҷикистон гузорад.

Дар ин бора нашрияи “Известия” хабар додааст ва гуфтааст, ки ин қарор ҳамчун ҷуброн ба ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон қабул шудааст.

Зимнан, дар соли 2015 Русия нерӯ ва таҳҷизоти низомиашро аз минтақаи Кӯлоб берун кашид ва дар размоишгоҳи Лоҳур дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир намуд.

Дар қарори Вазорати мудофиаи Русия таъкид шудааст, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон барои қитъаи замин дар шаҳраки низомии пешин ин кишвар бояд ба миқдори 6 миллиард рубл андоз супорад ва ин ин ба манфиати Русия нест.

Ҳамчунин, дар назар аст, шаҳраки низомии пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) низ ба таври ройгон ба Тоҷикистон супорида мешавад.

Вазорати мудофиаи Русия гуфтааст, ки қитъаи замин ва амволро Тоҷикистон қаблан ба таври ройгон дар ихтиёри низомиёни Русия гузошта буд. Ҳамакунун ин шаҳракҳо дубора ба ин кишвар баргардонда мешавад.

Ҷониби Русия ин иқдомро “мусоидат ба раванди музокироти дӯстона миёни ин ду кишвар” унвон кардааст.

Пойгоҳи 201-уми Русия бузургтарин воҳиди хушкигарди низомии Русия дар хориҷ аз он мебошад, ки ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Аммо солҳои охир Русия теъдоди сарбозонашро дар ин пойгоҳ дар Тоҷикистон камтар кардааст.

Ин пойгоҳ то соли 2042 ҳақ дорад, ки дар Тоҷикистон бимонад. Дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ дар наздикиҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.

Ба эътиқоди коршиноси рус Андрей Грозин, пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон на танҳо ба нафъи Тоҷикистон ва Русия балки барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун “сипар” аз хатароти эҳтимолӣ аз Афғонистон хизмат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *