Русия душмани № 1 Амрико?
Тадқиқоти нави Gallup — бунгоҳи омӯзиши афкори умум, пуштибонии фаъолияти маъмурияти феълии ИМА-ро дар муқоиса бо маҳбубияти раҳбарони Русия ва Чин дар сатҳи паст арзёбӣ кард.
Баҳои раҳбарияти Олмон ба таври қобили мулоҳиза баланд будаст. Чунин аст натиҷаи таҳқиқи Gallup барои соли 2018. Посухдиҳандагон аз 133 кишвари ҷаҳон ба суоле назар доданд, ки ба раҳбарияти чаҳор кишвар ва сиёсати онҳо дар сатҳи байналмилалӣ чигуна баҳо медиҳанд.Дараҷаи обрӯмандии Амрико, ки дар аҳди Барак Обама ба 50 дар сад баробар буд, соли 2017 18 зина поён рафт ва 30 дар сад шуд. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба эътидол омад: ҳоло нишондиҳандаи нави эътимод ба раҳбарияти ИМА 31 дар сад аст.Ҳамзамон дараҷаи бовари ба раҳбарияти Русия ва Чин рӯ ба афзоиш овард. Сатҳи маҳбубияти раҳбарияти Русия, ки дар соли 2017 22 дар сад буд, дар соли 2018 ба 30 дар сад расид, аммо боз ҳам дар зинаи поёни обрӯмандии чаҳор кишвар қарор дорад.Ба раҳбарияти Чин 34 дар сад ва Ба Олмон 39 дар сад эътимод доранд.Дар аврупо 34 дар сади посухдиҳандаҳо ба раҳбарияти ИМА изҳори эътимод карданд. Дар сади онҳое, ки ба Русия эътимод доранд 21 дар сад аст. Сатҳи баланди эътимод ба раҳбарияти ИМА дар як қатор кишварҳои Аврпуои Марказӣ ва Шарқӣ ва ҳамчунин Исроил мушоҳида шудааст ва пасттарин дар Ироқ, Яман, қаламрави Фаластин ва Русия. Ин нишондод ба 11 дар сад баробар аст.Бинобар пурсиши дигари Gallup, ки рӯзи чоршанбе нашр шуд, дар посух ба суоли амрикоиҳо кадом кишварро душмани асосии ИМА арзёбӣ мекунанд, Русия ба ҷойи аввал баромад. Як соли пеш амрикоиҳо Кореи Шимолиро душмани аслии кишварошон ном мебурданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ