Русия: Фирори тоҷик аз боздоштгоҳ се нафарро захмӣ кард

Рӯзи 22 июн як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон талош кардааст, ки аз толори додгоҳи шаҳри Ставрополи Русия фирор кунад. Дар ҷараёни таъқиби ӯ як навраси 17-сола ва як духтари 10-сола аз тири афсарони пулис ҷароҳат бардоштаанд.

Амалиёти таъқиби як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Ставропол дар ҷануби Русия ҳамагӣ чанд дақиқа давом кард, вале боиси ҷароҳат бардоштани дастикам се нафар – худи маҳбуси фирорӣ ва ду раҳгузари ноболиғ шуд.

Ба ҳаёти он ду ноболиғ, ки якеаш писари 17-сола ва дувумӣ духтари ҳамагӣ 10-сола будаанд, ба гуфтаи табибон, хатари ҷиддие вуҷуд надорад, вале ҳарду таҳти табобат боқӣ мемонанд.

Шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир айбдор мешуд, кормандони пулис субҳи 22 июн барои муҳокимаи парвандааш ба додгоҳ овардаанд, вале ӯ худро аз дасти посбонҳояш раҳо карда, ба кӯча задааст.

Ба ин ҷавони тоҷик муяссар шудааст, ки аз толори додгоҳ берун ҷаста, худро ба байни издиҳоми раҳгузарон бизанад.

Кормандони пулис дар ҷараёни таъқиби вай даст ба силоҳ бурдаанд. Онҳо мегӯянд, ки ба ҳаво тирҳои огоҳкунанда паррондаанд.

Вале ҷароҳат бардоштани ду раҳгузари ҳарду ҳам ноболиғ раҳбарияти мақомоти умури дохилаи ин минтақаи ҷануби Русияро ба хулосаи дигар овардааст.

Дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии кишвари Ставропол дар шарҳи расмии ин ҳодиса гуфт: «Дар робита ба ин ҳодиса санҷиш гузаронда шуда, бар асоси натиҷаҳои он ба рафтори кормандон баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад. Баъди анҷоми санҷиш масъалаи идомаи кори онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин раҳбарони бевоситаи ин кормандон ба ҷавобгарии интизомӣ кашонда мешаванд.”

Амалиёти таъқиби маҳбуси тоҷики фирорӣ дар яке аз кӯчаҳои пуриздиҳом дар маркази Ставропол дар пеши чашми раҳгузарони зиёд гузашт.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *