Русия: Гуши Маҳмадуллои тоҷикро руси номарде бо дандон канд
Як эроди кӯтоҳи кӯчарӯби тоҷик ба зане, ки сагаш болои гулҳои шинондаи ӯ дар саҳниманзили бисёрошёнае дар Маскав ахлот мекард, боис ба латту кӯб ва газида шуданигӯшаш шуд. Маҳмадулло Давлатзода ҳоло дар бемористони 67-уми пойтахти Русиябистарист.
Абдулло АШӮРОВ
Маҳмадулло Давлатзода мегӯяд, рӯзи 15-уми август ҳангоми ҷамъоварии партовҳо ба зане, кимегузошт сагаш ба болои гулҳои шинондаи ӯ ахлот кунад, эрод гирифт.»Фақат гуфтам, ки бигзор дар ҷойи дигар қазои ҳоҷат кунад. Ин зани ношинос дар ҷавоб гуфт, ту худат кӣ ҳастӣ, киба ман эрод мегирӣ?», — нақл кард Давлатзода.
Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, зоҳиран ҳамон рӯз гапи байни ӯву ин зани рус ба поён расида буд: «Аммо субҳи дигар, вақте бо чойник ба гулҳо об мерехтам, марде омада бе пурсупосмаро зад. Чойник аз дастам парид. Дандонҳоям шикастанд ва билохира худамро аздасташ раҳо карда гурехтам.»
Пас аз ин ҳодиса Маҳмадулло Давлатзода ба идораи пулис шикоят мебарад, аммо кормандони пулис ӯро мутақоид мекунанд, ки беҳтар аст аризаро бозпас бигирад ва аз пайи муноқиша наравад. Аммо ин гузашти Давлатзода боиси бори дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанаш шудааст.
«Рӯзи дигар, вақте партовҳоро ҷамъ мекардам, боз ҳамон мард омад. Аз дастам қапидагуфт, ки рафтем аз зани ман бахшиш мепурсӣ ваё дигар дар инҷо кор намекунӣ. Дардасташ корд дошт. Гуфтам, ки намеравам. Баъд кашмакаш кардем. Ӯ гӯши маро токанда шудан газид ва баъд гурехт. Ман доду вой кардам. Дар ҳамин вақт касе маро халоскард, лекин намедонам кӣ буд», — гуфт Маҳмадулло Давлатзода.
Маҳмадулло Давлатзода 10 сол боз ба ҳайси кӯчарӯб дар як бинои серошёна дар Маскав кор мекунад. Аксарияти сокинони ин бино ӯро мешиносанд ва аз сифатҳои хуби ӯ тавсиф мекунанд. Дар ҳаминҳол, вакилони мудофеи созмони «Общественный вердикт” ба ҳимояти Давлатзода пардохтанд.
Ирина Бирюкова, яке аз вакилони мудофеи созмони «Общественный вердикт”,гуфтааст,
Давлатзода дар як ҳолати афсурдагӣ қарор дорад ва бинобар ин ӯ аз номиДавлатзода ба унвонии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи тафтишоти Русия шикоят бурдааст. Ӯгуфт, «ман ба унвонии ин ду ниҳод дирӯз аризаи шикоятӣ навиштам. Онҳо қабулкарданд, аммо чун дирӯз истироҳатӣ буд, ба баррасии ин шикоят имрӯз бояд шурӯъкунанд.”
Ба гуфтаи Бирюкова, нафари ҳамлагар низ дар айни замон алайҳи Давлатзода ба пулис шикоят бурдааст. Ин созмони ҷамъиятӣ барои табобати дандонҳои Давлатзода 10 ҳазор рубл ҷудо кардааства масъулонаш мегӯянд, дар сурати зарурати маблағи иловагӣ омодаанд кумак кунанд. ИринаБирюкова гуфт, пас аз ду мавриди латту кӯб даҳону майнаи сар ва гӯши Давлатзода осеб дидаанд.
Дар ҳамин ҳол, худи Давлатзода мегӯяд, намехоҳад кораш ба додгоҳ кашад ва бо беҳтар шуданисаломатиаш мехоҳад, ба Тоҷикистон баргадад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ