Русия тасмими СММ-ро ғайриқонунӣ ва дорои ангезаҳои сиёсӣ номид

Вазорати умури хориҷаи Русия аз хуруҷи пеш аз муҳлат аз Созмони Милали Муттаҳид хабар дод.

Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 7-уми апрел хабар дод, ки тасмими хуруҷи пеш аз муҳлат аз ҳайати Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз ҷониби раҳбарияти Русия гирифта шудааст. Маскав ин иқдомро пас аз қабули қатъномаи зиддирусӣ дар Маҷмаи Умумии СММ дар бораи мутаваққиф кардани узвияти Русия дар ШҲБ гирифт.

Вазорати корҳои хориҷии Русия ин тасмими СММ-ро ғайриқонунӣ, дорои ангезаҳои сиёсӣ ва намоишӣ номида, гуфт: «Федератсияи Русия дар бораи қатъи пеш аз муҳлати ваколатҳояш ба ҳайси узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз 7-уми апрели соли 2022 тасмим гирифт».

Вазорати корҳои хориҷии Русия бо ёдоварӣ аз он, ки ҳадафи асосии UNHRC ҳамеша мусоидат ба рушди муколамаи созанда ва ҳадди аксар ғайрисиёсатшуда байни кишварҳо оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҳуқуқи башар маҳсуб мешуд, изҳор дошт: «Мутаассифона, дар шароити ҳозира Советро дар ҳақиқат як гуруҳу давлатҳое монополия кардаанд, ки онро ба мақсадҳои оппортунистии худ истифода мебаранд».

Вазорати корҳои хориҷии Русия афзудааст, ки кишвар бо вуҷуди хориҷ шуданаш аз UNHRC, нақша дорад «ба таҳкими муколамаи созанда оид ба ҳуқуқи башар, ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатдор дар раванди рушди дастаҷамъӣ ва қабули қарорҳо, ки ба манфиатҳои онҳо ҷавобгӯ аст, саҳм бигирад».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *