Русия кумаккунандаи аслии Тоҷикистон
Давлати Русия дар самти ироаи кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон дар зинаи аввал қарор дорад.
Тибқи маълумоти оморӣ, 28,8 дарсади кумакҳои башардӯстона, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад, аз ҷониби давлати Русия ирсол шудааст.
Дар зинаҳои дуюм ва сеюм дар ростои ироаи кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон Чин (25,2 дарсад) ва Ӯзбекистон (10,3) ҷой гирифтаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи омори Тоҷикистон, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ аз 54 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон 114 ҳазор тонна бо арзиши 44,2 миллион доллари амрикоӣ кумакҳои башардӯстона ворид гардидааст.
Бештари маводи кумакҳои башардӯстонаро орд, равғани растанӣ, дору ва таҷҳизоти тиббӣ ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ