Русия: Мошини писари Каромат Шарипов бо саги бӯгир кофтукоб шудааст (Видео)

Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия видеои аз ҷониби кормандони пулиси Русия бо саги бӯгир кофтукоб кардани мошини писари Каромат Шарипов, президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ-ро нашр кард. Мошини писари Каромат Шариповро ҳафтаи гузашта вақте манъ ва кофтукоб карданд, ки ӯ ба аёдати падараш ба боздоштгоҳи Егоревск мерафт.

Дар видеои 7-дақиқагие, ки дар Интернет нашр шудааст, дида мешавад, ки кормандони пулис бо истифода аз саги бӯгир мошини писари Каромат Шариповро кофтукоб мекунанд. Онҳо саги бӯгирро ибтидо ба дохили толори мошин сар медиҳанд. Сипас бо истифода аз саг ҳамчунин бордони мошини сабукравро ҳам кофтукоб мекунанд.

Дар поёни видео кормандони пулис санаде тартиб медиҳанд, ки дар он навишта шудааст, ки дар ҷараёни кофтукоб ба ғайр аз як пистолети травматикӣ, ки он ҳам иҷозатномаи қонунӣ дошт, дигар аз мошини писари Каромат Шарипов чизе пайдо накардаанд.

Мошини писари раҳбари ҷамъияти муҳоҷирони тоҷики Русияро рӯзи 6 декабр, вақте манъ ва кофтукоб карданд, ки ӯ ба аёдати падараш ба боздоштгоҳи Егоревск мерафт. Додгоҳи шаҳри Любертсии вилояти Маскав рӯзи 30 ноябр шаҳрвандии Русияи Каромат Шариповро ғайриқонунӣ бароварда, ҳукми ихроҷи ӯ аз қаламрави Русияро содир кард. Дар пайи эълони ҳукми додгоҳ Шариповро дастгир карда, ба боздоштгоҳи муҳоҷирони хориҷӣ, воқеъ дар шаҳраки Егоревски вилояти Маскав бурданд.

Бо гузашти 12 рӯз аз замони боздошти Каромат Шарипов, то кунун танҳо ба вакили ӯ Александра Медведева муяссар шудааст, ки рӯзи 8 декабр бо вай дар боздоштгоҳ мулоқот кунад. Дар пайи ин мулоқот Медведева аз ҳукми додгоҳи Любертси расман ба додгоҳи вилояти Маскав шикоят бурд.

Александра Медведева рӯзи 11 декабр бо нашри як иттилоияи расмӣ гуфт, додгоҳи вилояти Маскав рӯзи 12 декабр ба баррасии шикояти онҳо шурӯъ мекунад. Медведева мегӯяд:»То кунун дар маводди парванда ягон далели бешакке, ки гуноҳи Каромат Шариповро исбот кунад, нест. Додгоҳ инро ҳам ба назар нагирифт, ки аз Русия берун кардани нафари таҳти ҳимояти ман ӯро аз хонаводааш, ки шаҳрвандони Русияанд ва солҳо боз дар вилояти Маскав зиндагӣ доранд, ҷудо мекунад.”

Ба ақидаи вакили мудофеъ, ҳукми ихроҷи Каромат Шарипов ҳамчунин мухолифи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла Паймони аврупоии ҳуқуқи инсон мебошад.

Тарафдоронаш мегӯянд, ки додгоҳи Любертси боз як нуктаи муҳим – тамоми умр дар сафи нирӯҳои мусаллаҳи Русия хидмат кардани Каромат Шариповро нодида гирифтааст.

Намояндагони Федератсияи муҳоҷирони СНГ ва Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷики Русия – ду созмони ҷамъиятие, ки Каромат Шарипов раҳбарӣ мекунад, мӯътақиданд, ки ҳукми ихроҷи ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта, ба фаъолияташ дар роҳи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон бастагӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *