Русия муҳоҷиронро дастаҷамъонаю муташаккилона бурданист

Вазорати сохтмони Федератсияи Россия пешниҳод кард, ки хориҷиён ба кишвар барои кор дар шакли гурӯҳҳои муташаккил ворид карда шаванд. Ташкилотҳое, ки дархости муҳоҷирон кардаанд, вазифадоранд онҳоро ҷойгир кунанд, ва ҳуҷҷатҳояшонро омода созанд.Муҳоҷирон бояд танҳо шаҳодатнома дар бораи набудани коронавирусро пешниҳод кунанд. Ҳукумат иқрор шуд, ки сарфи назар аз он, ки моҳҳои охир маош дар сохтмон аз 50 ба 80-90 ҳазор рубл расидааст, русҳо ба ин соҳа намераванд, менависад “Коммерсант”. «1,5 миллион муҳоҷирон аз Русия рафтанд ва норасоии захираҳои меҳнатӣ ҳолати ташвишовар пайдо мекунад» гуфтааст муовини сарвазир Марат Хуснуллин. Дар робита ба норасоии шадиди кадрҳо, Вазорати сохтмон ба ҳукумат пешниҳод кард, ки вуруди соддаи муҳоҷирони меҳнатиро барои кор дар сохтмонҳои Русия ташкил кунад. Ин ташаббус аллакай бо Вазорати меҳнат, вазорати корҳои дохилӣ ва Роспотребнадзор мувофиқа шудааст. Мусоҳибони рӯзнома қайд мекунанд, ки ҳамаи талаботҳо (ба истиснои шаҳодатнома барои коронавирус) қаблан вуҷуд доштанд, аммо онҳо на ҳама вақт иҷро мешуданд. Аммо ҳоло муҳоҷирон бо сабаби пандемия наметавонанд вориди кишвар шаванд. Пештар пешниҳод шуда буд, ки занон метавонанд муҳоҷирони кориро дар ин муассисаҳо иваз кунанд. Аммо онҳо аз ӯҳдаи иҷрои ҳамаи корҳои сохтмонӣ баромада наметавонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *