Русия: Муҳоҷири тоҷик сари маъшуқаи русашро бурид

Як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Челябински Русия бо иттиҳоми куштор ва буридани сари маъшуқаи русаш дастгир шудааст. Гуфта мешавад, ки ин ҷавон дар лаҳзаи куштори бераҳмона дар ҳолати мастӣ аз маводи мухаддир қарор доштааст.

Ба зидди шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Челябинск бар асоси қисми дуюми моддаи 105-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми куштор бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Виктор Штиртс, сардори шӯъбаи тафтишоти ноҳияи Тракторозаводскийи шаҳри Челябинск гуфт, ин ҳодиса рӯзи ҷумъа, 6 октябр дар манзиле, ки ин ҷавони тоҷик ва маъшуқаи русаш иҷора менишастанд, рух додааст.

Виктор Штритс аз ифшои ҷузъиёти куштор худдорӣ кард ва танҳо гуфт: «Додгоҳ дархости мо дар мавриди ба ҳабс гирифтани гумонбарро пазируфт. Ӯ ба гуноҳаш эътироф мекунад. Вале тафсилоти куштор ва ангезаҳояш ба хотири тафтишот ифшо карда намешаванд.”

Ёвари додситони ноҳияи Тракторозаводский Иван Шулгу низ бо гуфтани танҳо моддаи парвандаи оғозшуда ба зидди шаҳрванди Тоҷикистон иктифо кард: «Парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми куштор бо бераҳмии махсус оғоз карда шудааст.”

Аммо расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба манобеи худ тавонистаанд бархе ҷузъиёти ин куштори бераҳмонаро пайдо ва нашр кунанд.

Хабаргузории «Доступ” хабар дод, ки ҷавони тоҷики 26-сола ғайрирасмӣ дар як сохтмон кор мекард. Тафтишот, бино ба ин манбаъ, бояд ӯро аз лиҳози равонӣ ташхис кунад, ки оё лаҳзаи даст задан ба қатли бераҳмонаи маъшуқааш ба худ буд ё бе худ?

Сабаби зарурати чунин ташхис аз ҷузъиёти бадастовардаи нашрияи маҳаллии «Уралинформбюро” маълум мешавад. Ба гуфтаи манбаи ин нашрия, шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар баёноташ нақл кардааст, ки ӯву маъшуқааш он шаб дар манзиле, ки иҷора мешиштанд, маводи мухаддир истеъмол карда, ҳарду таҳти таъсири «кайф” будаанд.

Сипас он зан мехоҳад, ки рафта, аз ҳамсояҳо сигор пурсад. Ҷавони тоҷик ӯро намегузорад, ки равад. Маъшуқааш аз ин ба қаҳр омада, дастонашро бо корд мебурад.

Ҷавони тоҷик гуфтааст, ки мехост кордро аз дасти зан кашида бигирад, вале ӯ ногаҳон ба як кунҷи диван афтод ва корд банохост гулӯяшро бурид.

Баъди ин ба гуфтаи ҷавони тоҷик, ӯро ҳар гуна галлютсинатсия думболагирӣ кардаанд. Дар назари вай чунин тофтааст, ки як нафари ношиносе дар рӯи фарш хобидааст ва ӯ бояд гулӯи ӯро бибурад. Танҳо баъди аз баданаш ҷудо кардани сари маъшуқааш ҷавони тоҷик гӯё фаҳмидааст, ки ин на ягон одами ношинос, балки маъшуқаи худи ӯст.

Ҷасади духтарро соҳибони хона ҳамон шаб пайдо карда, ба пулис хабар додаанд. Пулис ҷавони тоҷикро дар ҷои ҳодиса, дар рӯи ҷасади маъшуқааш дастгир кард.

Гуфта мешавад, ин ҷавони тоҷик аз соли 2015 дар Челябинск бо ин духтар зиндагӣ мекард.

Қисми дуюми моддаи 105-уми Кодекси ҷиноятии Русия ҳамчун муҷозот барои куштор бе бераҳмии махсус аз 8 то 20 соли зиндон, ё ҳабси умрбод ваё ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад. Вале рӯи истифодаи ҳукми қатл дар Русия мораторий гузошта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *