Русия: Муҳоҷирони тоҷик боз тазоҳурот карданд
Нимаи дуюми рӯзи 21 сентябр нирӯҳои ОМОН даҳҳо муҳоҷири тоҷики ҷамъшуда дар бозори «Москва” дар минтақаи Люблиноро бо зӯр пароканда карда, беш аз 10 касро дастгир карданд. Таҷаммӯи тоҷикҳо дар пайи латукӯби як рӯз пеши аробакаши тоҷик Наврӯз Зикиров аз ҷониби посбонҳои бозори «Москва” буда, дирӯз низ ОМОН беш аз 90 тоҷикро дастгир карда буд.
Шабакаи телевизионии «5-й канал”-и Русия видеои рейди нирӯҳои ОМОН дар бозори «Москва” дар минтақаи Люблинои пойтахти Русияро нашр кард. Дар видео дида мешавад, ки нирӯҳои ОМОН бо чанд автобус ва мошинҳои махсус ба бозор рехта, даҳҳо тан аз тоҷикҳоеро, ки бо талаби таҳқиқи қазияи латукӯби як аробакаши тоҷик ҷамъ шуда буданд, бо зӯр пароканда мекунанд.
Нирӯҳои ОМОН чанд тан аз ҷамъомадагонро ба замин хобонда, дастонашонро ба пушт тоб медиҳанд ва ба автобусҳое, ки барои бурдани муҳоҷирони боздоштшуда оварда буданд, бор мекунанд.
Гирдиҳамомадагони дигар баъди дастбакор шудани нирӯҳои ОМОН аз саҳни дарвозаи бозори «Москва” рӯ ба фирор оварданд.
Пулиси шаҳри Маскав гуфтааст, ки дар фурӯшгоҳи «Москва” вазъият таҳти назорат буда, нирӯҳои пулис корҳои профилактикӣ анҷом медиҳанд. Як манбаи хабаргузории ТАСС дар мақомоти интизомии Маскав гуфтааст, ки «дар чорчӯби ин амалиёт боздоштҳо низ сурат мегиранд ва то ин дам беш аз 10 нафар дастгир шудаанд.”
Шаҳрвандони Тоҷикистон ду рӯз боз дар ин бозори бузурги воқеъ дар минтақаи Люблино бо талаби ба ҷавобгарӣ кашидани посбонҳое, ки рӯзи 20 сентябр аробакаши тоҷик Наврӯз Зикировро барои аз як раста ба растаи дигари бозор бидуни иҷозат кашондани бор латукӯб карданд, ҷамъ мешаванд.
Дар пайи латукӯби ин аробакаши тоҷик бархе фаъолон аз муҳоҷирони тоҷик даъват карданд, ки рӯзи 21 сентябр дар бозори «Москва” ҷамъ шаванд ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони латукӯби Наврӯз Зикировро талаб кунанд.
Аммо сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз шаҳрвандони тоҷик хост, ки ба иғвоҳо дода нашаванд ва вазъро боз ҳам печидатар накунанд. Бисёриҳо нигаронанд, ки ин эътирозҳо метавонад дар оянда ба кори муҳоҷирони тоҷик дар бозори «Москва” ва дар умум дар шаҳру вилояти Маскав таъсири манфӣ бирасонад.
Бино ба ҳисобҳо, дар бозори «Москва” беш аз 3 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон асосан ба корҳое, чун аробакашӣ, фаррошӣ, ошпазӣ ва тиҷорат машғуланд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ