Русия: Муштарии рус сартароши ӯзбекро ба қатл расонид (Видео)

Рӯзи ҷумъа, 13 октябр як муштарии норозӣ дар Новая Москва сартароши узбек Достон Адехоновро бо шампур бераҳмона кушт. Бо иттиҳоми қатли муҳоҷири узбек як марди 26-солаи зодаи вилояти Кирови Русия дастгир шудааст. Достон Адехонов ҳамагӣ 24 сол дошт ва дар оила писари ягона буд.

 Раёсати тафтишоти шаҳри Маскав хабар дод, ки дар робита ба куштори бераҳмона дар Новая Москва як шаҳрванди 26-солаи Русия дастгир шуда, ба зиддаш бар асоси қисми аввали моддаи 105-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми куштор парванда кушодаанд. Раёсати тафтишоти Маскав мегӯяд, боздоштшуда ба гуноҳи худ эътироф кардааст.

Ба гуфтаи тафтишот, ин мард рӯзи 13 октябр дар назди як бино дар кӯчаи Дорожнаяи деҳаи Губтсево дар минтақаи Новая Москва «аз хусумати шахсӣ бо оҳани нӯгаш тез ба қафаси синаи ҷавони 24-сола дастикам 4 зарба зада, сипас аз ҷои ҳодиса фирор кард. Ҷабрдида аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.”

Нашрияи «МК” бо такя ба манобеаш дар мақомот хабар дод, ки боздоштшуда Павел ном дошта, зодаи вилояти Киров аст ва қаблан ду дафъа – барои дуздӣ ва рабудани мошин – суд шудааст. Ба гуфтаи манобеи «МК”, ин гумонбарро баъди чанд соати куштор дар канори як шоҳроҳ ҳангоми қасди фирор аз қаламрави Маскав дастгир кардаанд.

куштори бераҳмонаи сартароши узбекро вакили Шӯрои Федератсия – палатаи болоии парлумони Русия Антон Беляков расонаӣ кард. Беляков дар саҳифааш дар Фейсбук дар як матлаб бо номи «Про уродов и гастарбайтеров. Убийство за 200 рублей видеои лаҳзаи қатли Достон Адехоновро нашр кард.

Беляков навишт, Достон Адехонов, ки дар байни муштариёнаш бо номи Даня маъруф буд, «дастони тилоӣ дошт, вале азбаски гастарбайтер буд, на дар ягон салони мӯътабари Маскав, балки дар сартарошхонаи оддие дар Новая Москва кор мекард ва барои кораш, ки аз ягон салони гаронбаҳо на камтар, балки беҳтар ҳам буд, ҳамагӣ 200 ё 250 рубл музд мегирифт.”

Рӯзи 12 октябр як ҷавони тануманд аз хидмати Достон истифода бурда, мӯи сарашро кӯтоҳ кардааст. Рӯзи 13 октябр ин ҷавон ба сартарошхона баргашта, ҷанҷол бардоштааст, ки мӯи сараш бад паст кардаанд. Достон ӯро ба курсӣ шинонда, мӯи сарашро аз нав ба тартиб меорад.

Вале муштарии ҳамчунон норозӣ сартароши узбекро ба кӯча кашида бароварда, дар пеши чашми чандин раҳгузар ба қафаси синааш бо шампур мезанад.

Дар видео дида мешавад, ки баъди ба замин афтодани Достон ҳамлагар фирор мекунад, вале вақте мебинад, ки муҳоҷири узбек аз ҷо нимхез мешавад, боз ба наздаш бармегардад, ки корашро тамом кунад. Баъди чанд лаҳза сартарош боз ба замин меафтад ва дигар нафас намекашад.

Антон Беляков навиштааст, ки Достон Адехонов фарзанди ягонаи волидонаш буд ва ҳоло муштариёни ғамзадааш пул ҷамъ доранд, то ҷасади ӯро ба пеши модараш фиристанд…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *