Русия: НАТО дар кишварҳои пасошӯравӣ “инқилобҳои рангин”-ро тарҳрезӣ мекунад

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия НАТО-ро дар тарҳрезии “инқилобҳои рангин” дар кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) муттаҳам кард.

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия НАТО-ро дар тарҳрезии “инқилобҳои рангин” дар кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) муттаҳам кард.

Рашид Нургалиев рӯзи 2 июл дар мусоҳиба бо нашрияи “Россияская газета” гуфтааст: “Пӯшида нест, ки НАТО талош мекунад, дар кишварҳои узви СПАД низомҳоеро сари қудрат биёрад, ки таҳти назорати Ғарб хоҳанд шуд”.

Ҳамчунин, вай таъкид кардааст, ки ҳадафи аслии НАТО андохтани низоъ миёни кишварҳои иттифоқчии Русия буда ва сиёсати он ҳамеша “зиддирусӣ” аст.

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ба машқҳои низомии Sea Breeze-2019 ишора кардааст, ки дар ҳудуди Украина баргузор шуда ва ба хотири ширкат дар он киштиҳои ҷангии НАТО рӯзи 1 июл ба Баҳри Сиёҳ ворид шудаанд.

Афзун бар ин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли ҷорӣ ба Тоҷикистон, ки шарики стратегии Русия ҳисоб меёбад, ба маблағи 3,8 миллион доллар силоҳҳои ҷангӣ, аз ҷумла, системаи радари рӯизаминӣ додааст.

Кевин Коверт, сафири ИМА дар Тоҷикистон гуфтааст, ин иқдом ба манзури “таҳкими марзҳои Тоҷикистон ва назорат аз убури ғайриқонунӣ аз он” сурат гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *