“Русия не, Россия навишта шавад”

Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар нашрия ва расонаҳои кишвар бояд номи расмӣ-Федератсияи Россия истифода гардад.

Гавҳар Шарофзода, раиси ин кумита рӯзи 31 июл дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ҳоло дар матбуот ва расонаҳои дигари Тоҷикистон номи кишвар Русия ва пойтахташ Маскав ба чашм мехурад, ки дуруст нест.

Зеро ба гуфтаи ӯ, дар санадҳои ҳуқуқӣ Русия на, балки Федератсияи Россия омадааст ва хабарнигорон бояд ба ин асноди ҳуқуқӣ эҳтиром гузоранд.

Ҳамчунин, ба таъкиди Шарофзода аз истифодаи Узбакистон худдорӣ карда ва номи расмии ин кишвар Ҷумҳурии Ӯзбекистон зикр шавад.

Вале хабарнигорон таъкид доштанд, ки пас чаро Русия қонунгузориҳои Тоҷикистонро нодида гирифта ва номҳои маҳалҳои кишварро ба таври худ Гиссар (Ҳисор), Пархар (Фархор) ё Куляб (Кӯлоб) менависанд?

Ҳамчунин, дар ин нишаст баҳсҳое бар сари иваз кардани номи мавзеъҳои таърихӣ номҳои шоирону нависандагон ё арбобҳои давлатиро гирифтааст, ки ба эътиқоди бархе хабарнигорон хоси забони тоҷикӣ ва суннатҳои миллии номгузорӣ набудааст.

Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз хабарнигорон даъват карданд, ки ба хотири баррасии ҳамаҷониба пешниҳодоти худро ба таври катбӣ (хаттӣ) ба ин ниҳод ирсол кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *