Русия нисбати 5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кард
Русия нисбат ба 5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Онҳо пас аз ихроҷ ё манъи иҷозаи вуруд бо тағйири ному насаб дубора кӯшиши вуруд ба Русияро кардаанд.
Муҳоҷирони меҳнатӣ бо истифода аз ҳиллаи тағйири маълумоти шахсӣ мехостанд қонунҳои Русияро поймол намоянд, аммо бо ҷорӣ шудани низоми беометрӣ дар фурудгоҳ ва нуқтаҳои гузаргоҳи Русия ин раванд зери назорати ҷиддӣ қарор мегирад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар тавсияҳо нисбати фаъолияти муҳоҷирон хабар додаааст, ки аз 1-уми декабри соли 2024 дар фурудгоҳҳои Маскав ва гузаргоҳи «Маштаково» низоми биометрии таҷрибавӣ ҷорӣ мешавад, ки баъдан дар тамоми нуқтаҳои гузаргоҳи Русия татбиқ хоҳад шуд.
Шинохтани шахсияти шаҳрвандон бо истифода аз изи ангушт осонтар мешавад. Ин имкон медиҳад, шахсоне, ки дар гузашта ҷиноят содир кардаанд ё талаботи қонунро вайрон кардаанд, ба зудӣ ошкор шаванд.
ВКД-и Тоҷикистон дар миёни 5 ҳазор нафаре, ки бо роҳи тағйири ному насаб мехостанд ба Русия ворид шаванд, омори расмӣ пешниҳод накардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ