Русия бар зидди Шоҳзода Карим Оқохон таҳрим ҷорӣ кард
Русия рӯзи 19-уми август ба зидди Шоҳзода Карим Оқохон, раҳбари Бунёди Оқохон ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон таҳрим ҷорӣ кард.
Чор намояндаи дигари созмон — Кристофер Эндрю, Мэтт Рид, Ализа Митҳа ва Николас Макграт низ таҳти таҳрими Маскав қарор гирифтанд.
Бино бар ин таҳрим кормандони Бунёди Оқохон аз ҳақи сафар ба Русия маҳрум шуданд.
Ин дар ҳолест, ки Бунёди мазкур дар Русия асосан ба кори хайрия машғул буд ва чанд сол пеш президент Владимир Путин дар дидор бо Шоҳзода Карим Оқохон аз фаъолияти рӯшангарона ва башардӯстонаи он ситоиш карда буд.
Вокуниши Карим Оқохон ва намояндагони созмони зери раҳбарии ӯ ба қарори ҳукумати Русия маълум нест.
Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 19-уми август дар умум беш аз сӣ намояндаи Бритониёро таҳрим кард.
Дар изҳороти вазорат гуфта шудааст, ки Маскав чун иқдоми ҷавобӣ ба Лондон ба зидди чанд созмони таҳлилию сохторҳои давлатии Бритониё таҳрим ҷорӣ мекунад. Ба иддаои ВКХ-и Русия, “Бритониё сиёсати хашини зиддирусиро пеш мебарад”.
Дар миёни созмонҳои дигари таҳримшуда дар Русия “Сhatham House” ва “Open Knowledge Foundation” ҳам ҳастанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ