Русия парвозҳои мустақимро бо се кишвар оғоз кард
Руссия имрӯз парвозҳои байналмилалиашро ба шаҳрҳои Бишкеки Қирғизистон, Нурсултони Қазоқистон ва Мински Белорус ба роҳ монд.
Дар назар аст, ки аз 27-уми сентябр ҳамлу нақли ҳавоияшро бо Кореяи Ҷанубӣ низ оғоз кунад. Ин парвозҳо аз ҳар ду тараф дар як ҳафта як бор сурат мегирад.
Ҳукумати кишвар низ аз 16-ум то 30-юми сентябр 71 парвози чартериро дар самти Тоҷикистон-Руссия-Тоҷикистон ташкил кардааст. Ҳамаи ин парвозҳо аз ҷониби ширкати “Сомон Эйр” анҷом дода мешаванд.
Баъди 30-юми сентябр парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешаванд ё не, то ҳол маълум нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ