Русия парвозҳои “Сомон Эйр”-ро ба ин кишвар манъ кард

Русия аз рӯзи 23 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон ба баъзе аз минтақаҳои ин кишвар, аз ҷумла Қазону Иркутск, Оренбургу Сочи ва Новосибирскро манъ кардааст. Вале дар ҳоли ҳозир ин «таҳрим» ба парвози ҳавопаймоҳои «Сомон-Эйр» ба Маскаву Санкт-Петербург дахл надорад. 

 

Мақомоти Вазорати нақлиёти Русия ба хабаргузории «Интерфакс» гуфтаанд, тасмими онҳо дар пайи розӣ нашудани Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз Маскав ба Душанбеву Хуҷанд гирифта шудааст.

Маълум нест, ин маҳдудият то кай идома хоҳад кард. Навбатдори ширкати «Сомон Эйр» 23 декабр гуфт, ки феълан мушкиле дар парвози ҳавопаймоҳои онҳо ба самти Русия, бахусус Маскав пеш наомадааст, аммо афзуд, «субҳ боз дақиқтар хоҳад шуд».Манобеи «Интерфакс» дар Вазорати нақлиёти Русия гуфтаанд, рӯзи 22 декабр музокироти Тоҷикистону Русия дар Маскав бе натиҷа анҷом ёфт. «Ҷониби Тоҷикистон бо нақзи созишномаи иртиботи ҳавоии миёни ду кишвар ва тавофуқи 7 ноябри имсол ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” розӣ нашуд. Ба унвони посух тарафи Русия парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” ба минтақаҳои Русияро аз соати 00-и 23 декабр манъ кард», — изҳор доштаанд дар Вазорати нақлиёти Русия ба “Интерфакс”. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон то ҳол вазъияти охирро шарҳ надодааст.​»Сомон Эйр» дар ҳафтае чор бор ба Қазон, дуборӣ ба Екатеринбург, Красноярск, Оренбург ва якборӣ ба Иркутск, Новосибирск ва Сочи парвоз анҷом медод. Ба ҷуз аз «Сомон Эйр» ширкати давлатии «Тоҷик Эйр» низ мусофиронро аз Душанбеву Хуҷанд ба минтақаҳои гуногуни Русия мебарад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *